Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фарбеҳшавӣ нигоҳ дошта тавонад, пас сарварии хешро аз харобшавӣ ҳатман нигоҳ дошта метавонад».

Ҳақиқати воқеӣ мувозинати миёнаи холигӣ буда, роҳбар онро доимо бояд дарёфта, то нуқтаи охирин омӯзад ва дониши мукаммал пайдо созад. Аслан, ҳодисаҳои дунявӣ хеле шаффофанд, аммо бо сабаби сустсаводӣ барои мо нофаҳмо ва мураккаб менамоянд. Аз ин хотир, вақте Шумо дониши заруриро пайдо месозед, аллакай мушкилӣ дур шуда, муаммои сарбастаеро дар кору фаъолият намебинед. Инчунин, инкор бояд кард, ки ҳанӯз ҳастанд муаммоҳои бисёре, ки ақли одамӣ барои фаҳмиши он қодир нест ва онро боз инкишофи илми насли оянда муайян месозад. Бинобар ин, мо бояд донем, ки ғайр аз ҳодисаҳои воқеии табиӣ, боз ҳодисаҳои ғаразноки субъективии рафтори одамон мавҷуд мебошанд, ки онҳо аксаран донисташаванда ва ҳалшаванда мебошанд.
Талаботи ҷараёни ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ он аст, ки мо ба мураккабшавии ҳолатҳо ва иҷронашавандагии онҳо роҳ надода, тарз ва усулҳои ақлонии онҳоро пайдо ва устокорона ҳаллу фасл намоем.

Хонандаи азиз, дар ин нуқта мо боз як маротиба дигар ба Шумо муроҷиат карда мегӯем, ки ба муҳити тозаи табиат назар афканда, гулҳои шукуфони дарахтон, рӯҳи тозаи моҳтобу сафедии барф, инчунин, хазонии дарахтро дар фасли тирамоҳ дида, хулоса бароед, ки чӣ тавр онҳо дорои сарвари хештаншинос мебошанд, ки бар ҳамаи ин оромона назар дораду пуртоқат аст.
Имрӯз фақат сарвари хештаншинос дарк карда метавонаду халос.

Дар ҳақиқат, агар аз нуқтаи нобудшавӣ назар афканем, табиат нисбат ба мавҷудоти худ хеле бераҳм аст. Вале барзиьодии мавчудот низ муаммои мушкили табиӣ буда, мувозинат асоси инкишоф аст. Аз ин хотир, назари сарвари хештаншинос низ, бояд назари табиат бошад, яъне пайваста дар ҳаракат буда, баландию пастӣ, афзоишу хазон, гармию хунукиро дошта бошад. Ҳар яки аз ин ҳаракатҳою қувваҳо мавқею манфиати хешро дошта, мазмуну мундариҷаи оламу атрофро дигар накарда, онро доимо дар мувозинати табиӣ нигоҳ медоранд. Аз ин хотир, сарвари хештаншинос низ чунин мувозинатро бояд ташкил карда, нигоҳ дошта тавонад. Мо таъкид бар он дорем, ки инро ҳамон роҳбаре мефаҳмад, ки дар дили ӯ тозагии табиӣ вучуд дошта, гарду ғуборе ҷой надорад.
Оиди ин масоил мо боз дар боби алоҳидаи китоб пурратар гуфта мегузарем.

пешина
аз 463
навбатӣ