Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Ақида ва фикрҳои бузурги роҳбарӣ дар баробари ташаккули сарварӣ пайдо гашта, асрҳо зинда мемонанд ва наслҳои оянда ӯро инкишоф медиҳанд. Оиди хиради давлатдорӣ ва сарварии тоҷикон мо дар боби 43-юми китоби мазкур гуфта гузаштаем. Бинобар ин, роҳбари хештаншинос бояд доимо дар ҷустуҷӯи омӯзиши рафтори хирадмандони таърихӣ, пайдоиши ақидаи нав бошад ва ҳаракат намояд, ки онҳоро омӯзад, дарк кунад ва дар таҷрибаи кори хеш амалӣ гардонад. Аммо барои ин зарур аст, ки нозукиҳои фалсафии фикр ва ё қарори хирадмандонаи роҳбариро моҳирона омӯхта, як қобилият - эҳсосоти баланди хештаншиносӣ пайдо намояд. Масалан, агар ба хосияти доимии Замину Осмон назар афканед, барои чӣ ин қадар мӯҳлати дароз пояндаанд? Метавон мушоҳида кард, ки:
-
Табиат доимо пурраю дар мувозинат асту ҳаракаткунанда;
-
Тамоми ҳаракатҳою манфиати ҷирмҳои табиӣ танҳо барои худи онҳо намебошад.
Аз ин хотир, сарвари хештаншинос, чунин қонуниятро омӯхта, доимо дигаронро ба пеш, ба ҳаракат ва меҳнат даъват менамояд. Дар натиҷа худи ӯ доимо дар сафи пеш мемонад, чунки рафтори чунин роҳбар мақсади иҷтимоӣ буда, манфиати шахсии гаразнок дида намешавад. Аз тарафи дигар, роҳи ин гуна сарварон васею беканор буда, хоре ва ё чанге садди роҳ шуда наметавонад. Баромадан аз худ ва барои дигарон зистан, нерӯи дигари ташаккули хештаншиносии роҳбарӣ буда, роҳи сарварии Шуморо паҳнову тозаву ҳамвору бехатар месозад, ки наслҳои оянда низ аз ин роҳи хирад самаранок истифода менамоянд.
Мо ба нуқтаи дигари ташаккули хеш расидем, ки онро низ метавон аз сарвати табиӣ — об омӯхт. Ин сарвати бебаҳо ташнагонро лаззат бахшида, танро аз нопокиҳо тоза менамояд, биёбони хушкро гулзор карда, ба ивази ҳамаи ин тамае надорад. Ӯ доимо оромона худ боз тоза гашта, ҷойҳоеро обод месозад, ки дигар ягон намуди сарвати табиӣ чунин қудратро надорад. Дарки фалсафии ин ҷараёни ҳаракат ва хислати обро ҳамчун нерӯи дигари ташаккули сарвари хештаншинос муаррифӣ кардан мумкин аст. Мо доимо дар ёд дошта бошем, ки тамоми ҳаракатҳои сарварии мо барои ободонӣ, тоза кардан ва тоза нигоҳ доштани хешу муҳит, оромии ҳаракат ва бетамаъ будан аст. Дар натиҷаи чунин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё