Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

вобаста аз ин дигаргуншавии ҳолатҳо ва нобудшавии ҷисмҳо дарак медиҳад, бояд инкишоф ёбад. Бояд гуфт, ки ин хислати бузурги дарки пешакии ҳодисаҳоро қариб аксари муттафаккирони бузурги миллати тоҷик, доштанд. Маҳз, тавассути чунин қобилияти баланди ҷаҳонбинӣ, хештаншиносӣ, онҳо аксарият дар дарбори подшоҳон кору фаъолият карда, дарки дурусти масоилро ба сарварон пешакӣ фаҳмонда медоданд. Аз дигар тараф, сарварон низ ба ин қобилияти баланди инсонӣ таваҷҷӯҳи хоса зоҳир мекарданд ва оҳиста – оҳиста худашон ба он зина мерасиданд. Арзиши ин гуна қобилияти илоҳии инсонӣ хеле баланд буда, фаъолияти роҳбарро ба зинаи олии дарки масоил расонида, аз ҳама тарсу ҳарос халос ва барои қабули қарори идоравии саривақтии дуруст шароит муҳайё месозад. Вақте сарвар дорои чунин қобилият мегардад, масоиле, ки дар роҳбарӣ пайдо мегардад, бо дилу ҷон ҳаллу фасл месозад ва хушнуд мегардад. Ӯ медонад ва дарк мекунад, ки берун аз ҷисми ӯ боз ҷисме мавҷуд аст, ки ӯро метавонад дигар созад. Муҳим он аст, ки тавассути роҳи дуруст ба он олам ворид шавад ва дигаргуншавии онро мушоҳида карда, ба мақсади хушнудии хеш истифода бурда тавонад, на ин ки аз вай тарсида, худро ба ҷарӣ партояд ё худ асабию ғамгину сарсон гардад.

Бояд гуфт, ки роҳбар вақте кӯшиши дарки ин оламро мекунад, диққати асосиро ба дурустии нигоҳи худ равона сохтан, инчунин, аниқ муайян кардани ҳолат ва сабаби ҳодиса зарур аст. Вақте ки чунин таҳлили чуқур намуда, диққати асосиро ба нишондиҳандаҳои сифатии масоил медиҳад, шояд ҳолатҳое пайдо шаванд, ки аз нишондиҳандаҳои миқдорӣ даст кашед. Аксари ҳолатҳо якбора ба вуқӯъ намепайванданд, балки дар ҷараёни фаъолияти роҳбарӣ оҳиста-оҳиста ҷамъ шуда, дар як нуқтаи муносиб расида, баъдан ба вуҷуд меоянд. Ҳатто, сабаби ҳодиса, ҳолати рух додани он номуайян буда, пештар дар куҷо дигаре ба миён омадааст. Аз ин хотир, ислоҳ кардан ва ё тағйир додани он дар ҳамон замону макон хеле мушкил буда, вақту қувваи иловагиро талаб менамояд. Роҳбарро зарур аст, ки дар ин ҳолатҳо аз кӯмаки дигарон истифода намояд. Маҳз, ҳамин нуқтаи дарки ҳодиса, ки асосаш дар дигар ҷой пайдо гаштааст, меҳвари мебошад, ки сарвари хештаншинос дар вақти ҳалли масоил бояд риоя намояд ва қувваро ба он тараф равона созад. Боз гуфторҳои миллати тоҷикро ба ёд меорем: «Сари морро ёфта, баъдан ба муқобили он шамшер кашидан зарур

аст ва ё паси сари душманро дида баъдан ба ӯ тир паронед» ё «аввал бидон ҷони худ, баъд бимон пои худ» ва ғ.

Ҳамин тариқ, дар роҳи ҳаракати худ ба хештаншиносии роҳбарӣ диққатро на ба ҳолат, балки ба сарчашмаи пайдоиши он равона сохта, асли воқеаро дуруст дарк кардан зарур аст. Дар ин нуқта мо боз такид дорем, ки ин роҳи хеле мушкилу пурпечутобу лағжонакест ва на ҳамаи роҳбарон имкони дар ин роҳ будан ва ба ин нуқта расиданро доранд.

Аз нигоҳи сарварӣ ин роҳро метавон чунин баҳо дод:

  1. Эҳтиёткорию хатарнокии роҳбарӣ;
  2. Диққатнокӣ ва муваққатӣ;
  3. Пурра ва пурпечутобу норавшан;
  4. Ҳамвори беканор ва ҷарӣ;
  5. Обногувар ва хушку лойолуд;
  6. Соя ва инъикоси сурат;
  7. Қуллаи баланд ва ҳақиқат.

Хонандаи азиз, Шумо пай бурдед ва бовар кардед, ки дар ҳақиқат чунин аст, пайраҳаи нозуку мураккаби роҳбарӣ, ки сарвари хештаншинос бо истифодаи оромию мустаҳкамӣ, донишу хирад, дақиқию бонизомӣ, зиракию ҳушёрӣ, чолокию шуҷоатмандӣ, покию софии дилаш роҳи дурустро интихоб ва онро сарбаландона тай намуда, барои оянда роҳи васею равшанеро боқӣ хоҳад гузошт.

Меъёри ҳудудии қарори роҳи идорӣ ва сохтори таркибии ҷараёни иҷрои қарори роҳбарӣ низ бояд зери назорати сарвар буда, аз ҳар гуна фикрҳо ва таркиби хароҷотҳои нолозима теза бошад. Ҳар як имконот ва ашёҳое, ки роҳбар ба ҳаракат медарорад, ҳамон замон амал карда, хат ва захираи воқеи худро муайян месозанд, ки ҳар яке қонунияти хоси худро дошта, инъикоси дуруст ва ё нодурусти фикри роҳбар аст. Бинобар ин, вақте ки фикр мукаммал ва тоза аст, қонуниятҳои амалӣ гардонидани онро низ оромона идора карда метавонад. Ҳолати оромии назорати роҳбарӣ имкон медиҳад, ки фаъолиятро пурра зери назорати худ қарор диҳад. Дар натиҷа, ҷараёни амалӣ шудани мақсадро хеле равшану возеҳ дида, дар роҳи ҳақиқату сарфакорӣ устувор мемонад. Бо риояи чунин қонуният диққати кормандонро ба кордонию камхарҷии роҳбарии худ

пешина
аз 463
навбатӣ