Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
одамон, вақту фазо ташкил карда тавонем. Мисол, гарчанде медонем, ки хона аз дару тирезаю девор иборат аст, аммо манфиати истифодабариро аслан ҳамон ҳолигии байни хона ба мо медиҳад. Яъне ҷараён ин худ восита набуда, балки ҳолигии дохилаи он, захирае мебошад, ки талаботи моро қонеъ мегардонад. Аз ин бар меояд, ки мо қобилияти дарки ҳолигии дохилаи манфиатбахши ҷараёнро ёбем ва ба он муҳит дохил шуда, талаботи худро қонеъ гардонем.
52.2. Интихоби меъёрҳои хештаншиносии роҳбарӣ ва
роҳи расидан ба мақсадҳои олӣ
Дар мавзӯъҳои гузашта мо доимо таъкид бар он доштем, ки сарвари ҳирадманд дар ҳама кору фаъолият андозаро нигоҳ медорад. Диққати аз ҳад зиёд ба ин ё он ҳодисаи фаъолияти касбии роҳбарӣ ва аз ҳад зиёд баҳо додани манфиати ин ё он муваффақият боз ба номувозинатӣ оварда, самаранокии фаъолияти роҳбариро коста мегардонад. Аз тарафи дигар, дониши одамӣ ба он қодир нест, ки ҳодисаро пурра баҳои аниқу воқеӣ дода тавонад. Бинобар ин, новобаста аз хоҳиши мо, қисме аз паҳлӯҳои нозуки ин ё он ҳодисаю ҳолати роҳбарӣ доимо торик боқӣ мемонад. Ин нуқта маънои онро дорад, ки роҳбар агар диққатро пурра ба як тараф равона созад, аз тарафи дигари масоил бедарак мемонад. Аз ин хотир, дар баҳодиҳӣ сарвари хештаншинос қоидаи муқоисавии дониши худ ва омилҳои ҳодисаро истифода ва таҳлил карда, баъдан хулосаи зарурӣ мебарорад.
Ҳақиқати ҳол ва тасдиқи ин фикрро мо боз бо назора ба табиат мушоҳида карда метавонем. Гарчанде рушноӣ ва гарминии офтоб ба замин вобаста аз вақти солу моҳ дигаргун шаванд ҳам, дар асл қувваи рӯшноӣ ва гарминии офтоб бетағйир мебошад.
Фақат мо бо таъкид мегӯем, ки аз ҳама муҳим барои сарвари
хештаншинос, каме пештар ҳис кардани беҳтаршавӣ ва ё бадшавии фаъолияти
роҳбарӣ буда, барои пешгирии он андешидани чораи зарурӣ мебошад. Яъне
инкишофи ирсии ҳисси роҳбарӣ, ки пешакӣ оиди тағйирёбандагии олам ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё