Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

нави худро пайдо месозад ва мо вазифадорем, ки доимо дар талоши омӯзишу кӯшиши дарки ҳақиқати масоил бошем. Дар ҳақиқат, роҳи роҳбарӣ пур аз муаммои сарбаста ва монеаҳои зиёди воқеӣ ва ғайривоқеист. Аммо мо ба ҳалли ин масоил андармон шуда, на бояд аз мақсади асосии хеш дур гардем. Куллияти фаҳмиши ҳодисаҳо моро доимо ба сарҷамъию оромӣ меорад ва мо хислати объективӣ доштани онҳоро бояд қабул намуда, аз он истифода кунем, биомӯвем ва ҳаловат бубарем. Аз тарафи дигар, хислати кулл доштан ва дар пайвастагии зич қарор доштани ҳодисаҳо моро бовар мекунонанд, ки ин ҷараёни пуртуғён боз оҳиста - оҳиста дар ҷои худ қарор мегирад. Бо зурии беҳуда ба муқобили чунин ҷараён ғайр аз нобудсозии хеш дигар чизеро ноил намегардед. Инчунин, дар назар бояд дошт, ки агар Худованд ба Шумо қувваи болоравӣ дода бошад, бояд онро ба ҳамин мақсад истифода кард. Дар ҳолате, ки чунин қудратро қодир нестед, фақат андешаи онро намоед, ки аз мавқеи ишғлкардаатон поён наафтад, чунки оҳиста - оҳиста бо мурури гузаштани айём, ин мавқеъро низ аз даст дода, поён рафтан мегиред, гарчанде қувваи бисёреро сарф мекунед.

Бояд гуфт, ки дар ҳама ҳолат қувваи бузург, қувваи ҳақиқат буда, ҳолату фаъолиятро пурра бароятон намудор мегардонад, ба шарте Шумо бар он худ ҳамчун сарвар расида бошед. Дар ақидарони сарвари хештаншинос масоил ҳамвору осон буда, ӯ моҳияти фалсафии масоилро хуб дарк кардааст, яъне барои дарки масоил дар ҳама давру замон он бояд тозаю озода ва аз ҳама гуна нопокиҳо дур бошад. Дуюм ин ки барои фаҳмиши ҳақиқати олами моддӣ оромии асаб ва ҳолатҳои дигари муҳит зарур аст. Аммо барои тозагии ботини роҳбар зарур аст, ки ӯ қувваи илоҳии нигоҳдории тозагӣ ва ташаккули фикрашро дошта бошад. Барои ба даст овардани қувва ва ёфтани сарчашмаи он роҳбар бояд усули пурра кардани онро омӯзад. Нигоҳдории ягонагии ҳодисаҳои гуногуни ҳаётро фақат дар ҳолати доштани қувваи бузурги қабули воқеии он, аз сар гузаронидан мумкин аст. Маҳз, дар ин нуқта қуллаи баланд «боварӣ» ҷойгир шудааст, ки ҳамаро ба ягонагӣ даъват менамояд. Сарвари хештаншинос доимо дарк мекунад, ки сараввал ҳақиқат дар ақлҳо инъикос ёфта, баъдан бо иловаю тағйиротҳои нолозима амалӣ мегардад. Дар ҳақиқат, тавсири воқеии ҳодисаҳои олам дар шуури мо то ба андозаи фаҳмишамон инъикос ёфта, натоиҷи онро мо дар фаъолиятамон нишон медиҳем. То чӣ андоза тафаккур дақиқ

пешина
аз 463
навбатӣ