Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
инъикос шуда бошад, ҳамон қадар фаъолияти мо дурусту тоза буда, ба ҳақиқат наздик мебошад. Агар дар инъикос камбудие мавҷуд бошад, он гоҳ ҳангоми амалӣ гаштани он ақидаи аллакай нуқсони калоне пайдо мегардад, ки мазмуну асли воқеаро тамоман дигар карда, моро аз роҳи ҳақиқат фарсахҳо дур мепартояд. Ақидаи Олӣ бошад дар инъикоси аслии воқеа пайдо ва дар ҳамин асос нерӯи қувватдиҳандаро соҳиб мегардад.
52.4. Худинкишофёбӣ ва худтасдиқкунии роҳбарӣ дар менеджмент
Сарваре, ки зинаи муайяни инкишофро соҳиб аст, дарк мекунад, ки роҳбарӣ - ин худинкишофёбӣ ва худтасдиқкунии инсонӣ мебошад ва пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ҳар чӣ зиёдтар қуллаҳои баландро тай намояд. Аммо роҳбаре, ки инро дарк намекунад, ҳангоми оиди роҳбарӣ сухан гуфтан чиверо тасаввур карда наметавонад, чунки ин гуна роҳбар аз қобилияти дарки ҳақиқат ва тасаввури мавқеи худ бехабар буда, дар кадом ҳолат қарор гирифтани худро намедонад. Агар ӯ медонист, ки дар ҳолати ногувори нодонӣ ва торикӣ қарор дошта, пеши пояшро дида наметавонад, ба ин ҳолат гирифтор намешуд ва чунин рафтор низ намекард. Вақте инсон оиди донишу донишмандӣ сухан мегӯяд, ӯ бевосита чӣ гуна даҳшат будани бесаводиро медонад. Вақте оиди боигарию инкишоф сухан мегӯяд, чӣ гуна даҳшат будани қашшоқӣ ва сустинкишофиро медонад. Вақте оиди ҳақиқат сухан мегӯяд, аз чӣ гуна азоб доштани беадолатию дурӯғ бохабар аст. Аз ин нуқтаи назар, хештаншиносии роҳбарӣ худ зинаи олии инкишофи ақлонии инсонӣ буда, роҳбарро ба роҳи баланди худогоҳӣ ва худтасдиқкунӣ мерасонад. Дар ин маврид ӯ, ҳатто мазмуни овоэро ҳис карда, хулоса мебарорад, диққат медиҳад, ки бо кадом риштаи борики назм ӯ садо додааст. Ин риштаи борикро дарк карда, роҳбари хештаншинос боварии комил дорад, ки роҳи роҳбарӣ ягона аст. Аммо ин ягонагиро аксар маврид ҳодисаҳо ва ҳолатҳо метавонанд тағйир дода, характери сетарафа гиранд ва дар якуогӣ сохтори пайвастан сегонаи идеалӣ, моддӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё