Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
хос аст ва касе аз он гурехта наметавонад: «ТАВАЛЛУД ВА МАРГ; БЕМОРИ ВА ПИРИ».
Роҳбари худинкишофёфта ин ду ҷараёни ҳаёт ва маргро хеле хуб дарк намуда, медонад, ки кадом омилҳо ва муаммоҳо дар роҳи ҳаёт ва кадом муаммоҳо дар роҳи марг мавҷуданд. Аз рӯи ақидаи аксари олимону донишмандони миллати тоҷик, аз се як ҳиссаи ҳодисаҳо дар роҳи ҳаёт ва аз се як ҳиссаи ҳодисаҳо дар роҳи марг ва аз се як ҳиссаи онҳо дар роҳи ба ҳаракат овардани фикру ақоиди Шумо баъд аз марг мавҷуданд, ки барои нигоҳдории номи некиатон хизмат менамоянд.
Бояд қайд кард, ки фаъолияти ҳаётии ҳар як шахс, қисми сеюми ҳаёти онро ташкил карда, аз он вобаста аст, ки кадом некие баъди худ боқӣ гузоштаед ва мардум онро чӣ тавр қабул намудааст.
Сарвари худинкишофёфта доимо мушоҳидаи онро дорад, ки ин ҳодисаҳо чӣ тавр дар фаҳмишу шуури мо тавлид мегарданд. Ӯ назорат менамояд, ки ин ҷараён чӣ тавр ташаккул ёфта, шаклу қолаби муайянеро дар шуури мо ташкил намуда, инъикоси худро дар рафтори мо ёфтааст. Аммо на ҳамаи ҳодисаҳоро шуури мо қувват ва имкони қабул кардан дорад. Аксар маврид аз фаҳмиши фалсафии онҳо мо дур монда, сарсону саргардон мемонем. Роҳбари хештаншинос бошад, ба ташаккул ва инкишофи шуур аҳамияти махсус дода, онро тараққӣ дода, ба зинаҳои баланди инкишоф бурда мерасонад. Ӯ мефаҳмад, ки бе дарки пурраи масоил ва инкишофи хештаншиносӣ ҳеҷ гоҳ комёбиҳои беназир ба ӯ имконпазир намегарданд. Агар Шумо эҷодкунандаи чизи нав бошед, шарт нест, ки гуселкунанда ва ҷорикунандаи ин падидаи навини хештаншиносӣ гардед, чунки онро шахсони соҳибақл худашон ёфта мегиранд ва барои наслҳои оянда инкишофу равнақ дода, боз зиндагиро ширину хуштар мегардонанд. Ҳатто агар аввалин шуда ихтироотеро анҷом бубахшед, ин маънои онро надорад, ки худро соҳиби мутлақи он моликият шуморед. Соҳиби мутлақи моликияти Замин ба ҳамагон маълум буда, касе онро то имрӯз инкор накардааст ва карда низ наметавонад. Чунин аст қувваи бузурги илоҳӣ ва инсон. Агар қувваи замину осмон миллиардҳо сол боз вуҷуд дошта бошад, қувваи инсонӣ ҳамагӣ як ҳаёти кӯтоҳ ба ҳисоби миёна 70 сол дода шудасту халос, ки нисбати он қувваи бузург мӯҳлати хеле кам, як нафас аст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё