Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Муҳимӣ ва манфиати худинкишофиёбии роҳбарӣ дар он аст, ки сарвар аллакай медонад, ки тамоми ҳодисаҳо аввал чанде пеш дар шуури мо пайдо гашта, сонӣ шакли моддии чеҳра мегиранд. Танҳо баъд аз ин ҳар яке мо ба он сару кор дошта, ҷараёни амалӣ гаштан ва тағйирёбии онро мушоҳида менамоем. Агар дар ҳақиқат шуури мо дарки пайдоиши ҳодисаҳоро дошта бошад, он гоҳ бе шитобкорӣ, онро ҳамчун ҳодисаи воқеӣ қабул ва назорат менамояд ва то охири умри худ хатаре ба ӯ таҳдид карда наметавонад. Баръакс, агар роҳбар худ ба зинаи инкишоф нарасида ва аз вазъият бедарак бошад, доимо ӯро хатари нофаҳмӣ таҳдид мекунад, ки асабонӣ шуда, билохира роҳбариро аз даст медиҳад.
Дар ҳама ҳолатҳо инкишофи худшиносии роҳбарӣ имкон медиҳад, ки ҳодисаро назорат ва некию бадӣ, баландию пастӣ, фоидаю зиёнро фарқ карда тавонем. Ҳатто камбудии худро сари вақт ислоҳ намуда, боз дар роҳи мақсадҳои олии хеш қарор гирем. Дар ин нуқта мо боз таъкид карданием, ки роҳбари хештаншинос барои қоидаҳои аз ҷониби умум қабулкардашуда, набояд аз фаҳмишу донишу тасаввури худ оид ба ҳодисаи аниқ ва ё ба хотири манфиати хеш ва камфаҳмии хеш, аз арзишҳои баланди мавҷуда даст кашад. Инчунин, барои манфиати муваққатӣ набояд аз манфиати доимӣ маҳрум гашт. Бинобар ин, сарвари хештаншинос доимо ба қарорҳои хеле баланд нишонагирӣ намуда, худ дар табиати баланди ҷаҳони роҳбарӣ ҳаловат мебарад. Масоили муҳими роҳбарӣ он аст, ки аз нишонагири мақсадҳои баланд дур набушем, чунки ин ба худинкишофёбии сарварӣ хатар дорад. Вақте роҳбар болоро намебинад, поён меравад, роҳи васеъро намедонад, ба пайраҳои борик роҳ гирифта, мардуми бисёреро ба ҷарии бетаг роҳнамоӣ карда, зери хавф мегузорад ва худашу роҳбараш низ дар хатар аст.
Вақте мебинед, ки утоқҳои корӣ ва идораҳои вазоратҳою ташкилотҳои болоӣ тозаю озода, аммо заминҳо бекор хобида, корхонаҳо валангор ва кормандону мутахассисони беҳтарин бекор гаштаанд ва ё дар ҷустуҷӯи кор берун аз мамлакат сарсону саргардон, буҷаи корхонаҳо хароб, истеҳсоли моли ватанӣ ҳатто дар ватан харидор надорад, магар ин нишонаи дурбинии роҳбарони вазорату идораҳои дахлдор аст? Албатта не. Инчунин, вақте мебинед, ки қариб ҳамаи он роҳбарон бо сару либоси қиммати хориҷӣ, мошинаҳои корӣ ва

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё