Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
мебояд низоми ба ҳақиқатрасии роҳбариро ҳамчун як қоидаи муқаддаси бамақсадрасии менеҷмент амалӣ карда, кору фаъолияти роҳбариро иҷро намуд. Сарваре, ки доимо андешаи ҳақиқатпарастиро дораду худ аз ҳама гуна фиребгарӣ дур аст, коллективро низ ба он низом дохил мекунад ва худ пешвои ҳақпарастӣ гардида, хушҳолона кору фаъолият менамояд. Хушҳолии ҳақиқӣ уқёнусест, ки тамоми ноҳушиҳо дар он ғарқ шуда, ба хушбахтӣ мубаддал мегарданд. Сарвари хештаншинос дар менеҷмент ҳамон гурӯҳи хурди худро ба биҳишт табдил дода, дигарон аз бӯи ӯ ҳаловат мебаранд. Дар ҳама ҷо меъёри ҳақшиносиро нигоҳ дошта, ба хароҷотҳои зиёдатин берун аз низоми хештаншиносӣ роҳ намедиҳад. Як сомонии корхонаро ба сад тарозуи ақл баркашида, баъдан барои корхона, ҷомеаи ҳақдошта ва пас аз ӯ бо розигии онҳо барзиёдашро барои кӯмаки мӯҳтоҷону пирону кӯдакон сарф менамояд.
Сарвари хештаншинос медонад, ки барои ба низом даровардани менеҷмент ва рафтори коллектив мақоми аввали сифатиро сарфаю сариштакорӣ ташкил медиҳад. Маҳз, сарфаю сариштакорӣ имкон медиҳад, ки вазъият доимо зери назорат бошад ва барои ба дигар тараф майл кардан имкон пайдо нагардад. То ба вуқӯъ пайвастани ҳодиса, пешгирии ӯ вазифаи низоми хештаншиносӣ буда, дар натиҷа қувваю захираҳои зиёдеро пайдо карда, барои инкишофи корхона ва устувории мавқеи он дар бозор шароити мусоид пайдо месозем. Ин маънои онро дорад, ки ташкилот решаҳои чуқуреро пайдо мекунад, ки роҳбарӣ бо ғизогирӣ аз он инкишоф ёфта, боқувват мешавад ва барои ҳалли масъалаҳои муҳими стратегӣ омода мегардад. Сарвари хештаншинос бояд доимо дар андешаи он бошад, ки мақсади стратегии худро дар асоси мақсадҳои ҷорӣ ва идеалие, ки тавассути навоварию эҷодкорӣ ба майдон омадаанд, тартиб дода, ба онҳо зарар наоварад. Умуман, мақсадҳои стратегии дарозмуддати азим бояд пойдевори воқеӣ, намунавии тоза ва ба низоми муайяни болоравӣ нишонагирӣ дошта бошад, чунки натиҷаи ниҳоии мақсадҳои азим бояд овардани манфиат ба корхона буда, менеҷменти онро ташаккулу қувват бахшад. Оид ба мақсадҳои стратегии корхона, шакл ва намуди лоиҳабандӣ, мо дар қисми 2—3-юми китобамон гуфта гузаштаем.
Чуноне ки донишмандони миллати тоҷик мефармоянд, тамоми масоил дар асоси номуайянӣ ва сустдонишинии мо ба майдон меоянд. Агар ин муамморо ҳаллу

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё