Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

фасл намоед, масоиле пайдо намегардад ва ҷомеа аз рӯи низоми муайян кору фаъолият менамояд. Ҳатто дар сухан агар низом набошад, баҳсу мунозира сар зада, манфиати суханро аз байн мебарад.

Менеҷменти корхона ҳамчун сарчашмае мебошад, ки дигар тамоми фаъолияти корхона аз он ғизо гирифта, ҳаракат менамояд. Низоми сохторӣ ва ҳақталабии роҳбарӣ дар менеҷмент имкон медиҳад, ки ҳар як корманд дар ташкилот озодона нафас гирифта кору фаъолият намояд, яъне ин низом ба ӯ таъсир расонида, зери қаноти худ мегирад ва корманд низ ташаккул меёбад.
Ташкили кори мураббигиро мо дар фаъолияти роҳбарӣ дар бахши 2-3-юми китобамон гуфта гузаштаем. Омӯзиш гувоҳи он аст, ки вақте Шумо корманди поёниро дастгирӣ менамоед, он гоҳ ӯ бевосита боварӣ ба ояндаи хеш пайдо карда, софдилона кору фаъолият менамояд. Барои дар зинаи олии хештаншиносӣ ба низоми мустаҳкам ноил гаштан, дар поён низ чунин низоми печ дар печи баҳақрасиро то ба зинаи боло расидан, ташкил кардан зарур мебошад.

Сарвари хештаншинос аз қонуниятҳои сохторӣ ва инкишофи тафаккур бохабар буда, моҳияти фалсафии аксари рафтори одамиро аз қонуниятҳо ва тозагии табиӣ дониста, пайваста кӯшиш менамояд, то низоме ҷорӣ намояд, ки менеҷмент ва дар маҷмӯъ коллективро ба ҳамон роҳ равона намуда, ҳамагон бар ҳақиқат наздик гарданд.

Чуноне ки дар мавзӯъҳои гузашта қайд кардем, вақте дар табиат як низоми тозаи инкишоф мавҷуд аст, пас метавон ки ба бенизомӣ ба ягон мақсад расид?
Албатта не. Бинобар ин, сарвари хештаншинос бояд бидонад, ки хароҷотҳои барзиёд дар ҷашнвораҳо ва иду маросимҳо самаранокии фаъолияти ӯро паст намуда, вайронкунии низоми доимии корӣ мебошад. Бояд ба ҷои ин хароҷотҳои зиёдатӣ, дар ин ҳолат низ сарвари хештаншинос сарфаю самаранокиро андеша карда, роҳҳои низоми маросимҳо ва тарзу усули гузаронидани онҳоро ҷустуҷӯ намояд.

Чунончи дар таърихи давлатдории тоҷикон омадааст, ки подшоҳони тоҷик
дар маросимҳои идона мусобиқаҳо, сухандонию шеърхонию ҳунармандии ташкил
намуда, ба ғолибон тӯҳфаҳо дода, бо ин роҳ мардумро ба навоварию эҷодкорӣ
даъват менамуданд, ки аз манфиат холӣ набуда, талош дар роҳи хештаншиносӣ
буд. Яъне дар ҳама давру замон мо тоҷикон кору амали барои инкишофи ақлонӣ

пешина
аз 463
навбатӣ