Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

равонашударо қадр карда, ҳанӯз ҳазорсолаҳо пештар дар байни халқҳои ҷаҳон мақому мартабаи хосеро соҳиб гаштаем, ки оиди баъзе аз он муваффақиятҳо мо дар боби 43 ва 44-уми китоби мазкур гуфта гузаштаем.

Аз ин хотир, роҳбари хештаншиноси миллати тоҷик бояд аз ин сарчашмаи ақлонии аҷдоду авлодии хеш истифода карда, давомдиҳандаи роҳи мардони тариқат бошанд. Мо набояд худро пурра побанди мақсадҳои корӣ карда, аз муҳити берунаи корхона, ки аз маданият, дину оин ва мақсадҳои стратегии давлати миллӣ сарчашма мегиранд, дур бошем, балки пурра дар майдони фаъоли ин мақсадҳо қарор дошта, фидоии миллат будани худро нишон дода тавонем. Агар тавонем, заррае дар инкишофу ривоҷи ин арзишҳои волои ҷомеа саҳмгузор бошем ва номи неки худро дар саҳифаи таърихи миллат низ боқӣ гузорем. Оиди ин мавзӯъ мо дар боби алоҳидаи оянда пурратар андешаронӣ менамоем.

Ҳоло бошад ишора бар он дорем, ки дар низоми хештаншиносии роҳбарӣ пайдарпай аз кори оддӣ ба мураккаб, аз хурд ба бузург, аз коллектив ба ҷомеа ва аз мамлакат ба ҷаҳон ҳидоят карда мешавад, чунки мардони бузурги ҷаҳонӣ низ корро аз оилаи хеш шурӯъ карда, то ба ҷаҳон номгузор шудаанд. Роҳбари ҳақиқатпараст, бо риояи ин пайдарпай кору фаъолиятро доимо бе нимкорагӣ то ба охир анҷом дода, низоми саранҷомиро бо пуррагӣ риоя менамояд.

Роҳбар ҳар қадар аз мушкилӣ халосӣ ҷуста, худро аз як соҳа ба соҳаи дигар афканад, боварӣ бар ӯ кам шуда, атрофиён оҳиста - оҳиста дигар ба ӯ бовар намекунанд. Анҷоми пурраи корҳо ва идома додани кору фаъолият боз дар давоми ҳамин кору фаъолият нишонаи низоми хештаншиносӣ буда, моро ба роҳи ҳақиқатшиносӣ бурда мерасонад. Агар Шуморо дар соҳае, ки кору фаъолият доред, мушкилие пеш омаду онро партофта, ба дигар соҳа гузаред ва гумон дошта бошед, ки дар он соҳа коратон осон мегардад, куллан хато мекунед. Баръакс, нозукиҳои дигар соҳаро низ то ба охир наомӯхта, он соҳаро низ тарк мегӯед. Барои он ки ба чунин ҳолат гирифтор нашавед, кӯшиш намоед, ки нозукиҳои касби хеш ва фаъолияти соҳаи хешро ҳар қадар метавонед, пурра ва ҳаматарафа омӯхта, худро ба ҳолатҳои тағйирёбандаю мушкил омода созед. Худо хоҳад низоми дохилаи худро қавӣ месозед, ки тағйирёбии беруна вуҷудатонро дигар карда натавониста, ҳамон хел дӯстдори касби хеш ва пешво

пешина
аз 463
навбатӣ