Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.
Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа
Вақте хирадманди роҳбар дар сухан ва қарорҳои роҳбарӣ мушоҳида мешавад, зердастон онро бо дилу ҷон қабул намуда, дудилагие надоранд ва вуҷуд аз паи иҷрои он мегарданд. Дар ҳақиқат, нозукии хештаншиносии сарвар дар тозагии фикру нияти поки ӯ ва донишмандии касбию вазифавиаш мебошад. Ин нукта кормандро дар ҳайрат монда, барои иҷрои бечунучарои он рӯҳан тайёр менамояд, чунки ин дониш дар сарвари хештаншинос на ҳамон лаҳза, балки дар натиҷаи заҳматҳои зиёди шабонарӯзӣ, солҳои дарози касбазхудкунӣ ва таҷрибаю қобилияти баланди худододӣ ба майдон омадааст. Чунин шахсиятҳои шинохта, ҳамчун моҳтоб дар осмони ситорадор хеле равшан намоёнанд ва мавқеи баландро доро мебошанд. Дар ин нукта роҳбар аллакай шахсияти баркамолрасида буда, мавқеи худро дар иҷрои вазифа ва кору мақсадҳои менеҷмент муайян кардааст.
Мутаассифона, чунин сарварони бузург дар менеҷменти муосири тоҷик хеле кам дида мешаванд, ки ин масоили муҳими ташаккули менеҷменти тоҷик ва умуман, иқтисоди кишвар мебошад.
Пас маълум мегардад, ки Замин фақат аз ҷисми сахти курашакл иборат набуда, дорои сангҳои бузурги қимматбаҳо ва марворидҳою фулузоти қимматнок ҳам мебошад. Дар ҳақиқат, мо сангҳою металҳои қиматбаҳоро шиносему ҷустуҷӯ намоем, албатта ёфта мегирем, вагарна дар назар ҳама хоки беҳосил менамояд. Бинобар ин, сарвари ҳақиқатпараст қадри донишу донишмандонро медонад, чунки худи ӯ доимо дар ҷустуҷӯи илму дониш аст.
Аслан инсон вақте ки паи хоҳиш ва мақсади фаҳмидани мафҳуме ва ё масоиле мегардад, албатта ӯ ба мақсади неки худ расида, онро дарк менамояд. Аммо бемории асосии роҳбари сустназм дар он аст, ки чунин мақсаду хоҳишро надорад ва барои ӯ дар байни хасу хошок будан хушбахтист. Ҳикмати донишмандони миллати тоҷик мебошад, ки: «Агар ман донам, ки намедонам, маълум аст, ки ман медонам».
Яъне мо бояд баҳри пайдо кардани он қуввае бикӯшем, ки моро ба ҳаракат меоварад. Албатта, ин қувваи бузург дониш аст. Ҳамон лаҳза, агар ҳис кардед, ки дигар хоҳиши инкишофро надоред, маълум аст, ки аз омӯзиш боз мондаед. Сарвари хештаншинос доимо дар талошу ҷустуҷӯи илму дониши навин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё