Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

буда, мекушад, ки то нуктаи аслии фаҳмишҳо бирасад ва қадру қиммату арзиши зиндагии хешро дарк намояд.

Тоҷикон мегӯянд, ки «касе ки ба қадри зиндагӣ мерасад ва шукрона мекунад, Худо ӯро дӯст медорад».

Сарвар бояд бидонад, ки дар қонунияти табиат қоидаи ғалабаи боварӣ вуҷуд дорад, на дудилагӣ ва нимкорагӣ. Табиат аз касе тамаъ надорад ва ба назди касе намеравад. Ҳама ба назди сарватҳои табиӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талаботи худ меоянд ва аксар қаноатманд ҳам мешаванд. Аммо табиат бошад, ба ҳамаи бераҳмию баднафсии одамон тоб оварда, ҳаракати худро бо ҳамон суръату ҳамон қоидаи занҷирбанд давом дода истодааст.

Нуктаи муҳими дигарро бояд таъкид дошт, ки дар аввали лаҳзаҳои пайдоиш, олами наботот ва ҳайвонот хеле нарму нафису тозаанд ва табиат низ ба онҳо чунин рафтори ҳалимона карда, онҳоро месабзонад ва ба воя мерасонад. Аммо вақти нобудшавӣ хушку сахтанд. Маълум мегардад, ки табиат сахтию хушкиро напарастида, нобуд месозад.

Пас, роҳбарӣ бояд дар асоси чунин қоидаи нармию ҳалимию тозагӣ амалӣ гардад, на сахтию тундию хушкӣ, ки сарвари ҳақиқатпараст аз он огоҳӣ дошта бошад. Оиди ин масоили мо боз дар боби алоҳида пурра истода мегузарем.

52.6. Гуфтор андер зиндагиномаи мардони хештаншинос

Шиносоии Афлотун бо Суқрот.1

Ҳамин тариқ, Афлотун то шиносоӣ бо Суқрот дар соли 407 то солшумории мо, ҷавони қобилияти баланди зеҳнӣ дошта, аз тамоми илмҳои замони худ бохабар буд. Ӯ варзишгари бомаҳорати гимнастика, гуштингӣ ва ҷовандозӣ буд. Мусиқанавоз ва наққошу шоиру драматург. Ӯ бо дӯстони лаёқатманди худ оиди фаҳмиши фалсафии софизм баҳсу мунозира карда, бо шавқи баланд Гераклит, Параменд ва Пифагору Демокритро меомӯзад. Аммо

1 Платон Апология Сократа, Критон, Ион, Протагор. - М.,1998, 864с. (Аз русӣ мазмунан тарҷумаан Ғ.Т.)

пешина
аз 463
навбатӣ