Зеҳн
Менеҷмент. Қисми V: Хештаншиносии роҳбарӣ

Китоб ба масъалаҳои муҳими менеджмент ва худшиносии роҳбар бахшида шудааст. Дар он паҳлӯҳои гуногуни роҳбарӣ ва идоракунӣ баррасӣ мешаванд.

Агенти Зеҳнӣ · 29 октябри 2026 · 463 саҳифа

ИдоракунӣИқтисодиёт
Аз аввал хондан

он мекард, ки ба ҷомеаи қашшоқ ҳеҷ гоҳ давлати инкишофёфта сохта намешавад. Бинобар ин, образи роҳбари хештаншиносиро Афлотун ҳамчун қонуни зиндаи фаъолияти роҳбарӣ, ки барои таъмини «Хушбахтӣ»-и одамон амал мекунад, маънидод намуда, ҳанӯз дар замони худ ягона роҳи хушбахтии ҷомеаро дар ташаккули инкишофи хештаншиносии роҳбарони давлатӣ медид.

Мо низ ин таълимоти Афлотун ва Суқротро тарафдорӣ намуда, аз хонандаи азиз хоҳиши онро дорем, ки бо истифода аз ганҷинаи бебаҳои фалсафии ин ду донишманди бузург ҷаҳонбинии фалсафии роҳбарии худро инкишоф дода, ба зинаи хештаншиносӣ бирасанд.

пешина
аз 463
навбатӣ