АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ба фикрам маро ҷуз ин дигар роҳе нест ва агар сар амон бошад кулоҳ ноёб нест гуфту нақшаи аз байн бардоштани Нигорро кашид …
Абдуҷаббори Ислом баъди рафтани Сорбони Ҳомид дар бораи хоҳиши таъҷилии зердасташ ба андеша рафт. Дар ҳақиқат тарс одамро ҳамеша ба ҷиноят тела медиҳад ва агар ба сари Бурҳонова ҳодисае биёяд, ў низ дар назди виҷдонаш, ки ба ақидаи А. Ломартин «қонуни қонунҳост» ҷавоб хоҳад гуфт.
Гўшаки телефонии дохилиро бардошта ба навбатдор супориш дод, ки Сендеров ва командири взводи хизмати патрулӣ Исоевро ба наздаш ҷеғ занад.
Пас аз чанд дақиқа Сендеров ва Исоев ба утоқи кории ў ворид шуда мунтазири фармони навбатӣ шуданд.
Сардор ҳардуро ба рафти ҳодисаҳои рухдода шинос намуда суханони Сорбони Ҳомидро дар бораи Бурҳонова ва Муллоев ба самъи онҳо расонд ва фикри онҳоро дар ин бора фаҳмидан хост.
– Албатта, ҳама ҳодисаро пешгўӣ кардан душвор ва модоме, ки худи ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ, ки санҷиши ҳамин масъаларо ба дўш дораду нисбати ҳаёти Бурҳонова ба ташвиш аст мо чӣ ҳам гуфта метавонем, – гуфт Алексей Владимирович ва Исоев низ ақидаи сардори бахши кофтукови ҷиноятиро пазируфт.
– Ин хел бошад ҳимояи Бурҳоноваро ба дўши взводи шумо месупорам, фаромўш накунед, ки агар рафту ҳодисае рух диҳад, мо дар назди виҷдон ҷавоб хоҳем гуфт.
Исоев лаҳзае ба навиштаҷоти болои сари сардори ШКД, ки бо ҳарфҳои зебо сабт шуда буданд, чашм дўхт: «Виҷдон ин довари вуҷуди мост. Он дар бораи рафтори мо, ки боиси муҳаббат ё нафрати наздикон мешавад, бе хато ҳукм мебарорад».
– Мо ҳамеша мекўшем, ки ба муҳаббати наздикон сазовор гардем рафиқ майор.
– Бисёр хуб, ҳоло аз пайи кор шавед. Маълумоти бештареро аз Алексей Владимирович мегиред.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё