АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Рафту агар барои назорат автомашина лозим шавад чӣ?
– Бигузор шербачаҳоят аз ягон автомашинаи шахсияшон истофода баранд ва ман хизмати автомашинаи шахсиро дар чаҳорчўбаи қонун ҷуброн мекунам…
Соиб Сулаймонов ба матни гуфтугўйи телефонии зани ношинос бо корманди Пажўҳишгоҳи илмӣ–тадқиқотие, ки замоне Боқиев кор мекард шинос шуда пурсид:
– Аз куҷо медонед, зане ки ба Муллоев занг задааст Бурҳонова аст?
– Охир дар матн омадааст, ки «онҳо омадани Хуморро интизоранд».
Сулаймонов инро аз лаҳзаи аввали мутоилаи матни гуфтугўйи телефонӣ фаҳмид, вале ба ҳар ҳол ақидаи зердасташро донистан хост. Маълум мешавад, ки тафтишот дар маҷрои дуруст ҷорист ва то ба марра ниҳоят масофаи кам мондааст.
– Пас агар ҳама корҳоятон тахт бошад, боз чиро интизоред ё барои оварда пурсидани Муллоеву Бурҳонова ҳам розигии прокурор лозим аст?
– Не, албатта, барои оварда пурсидани онҳо розигии шумо лозим нест.
– Набошад чиро интизоред?
– Вохўрии дилдодагонро.
– Бе ин намешавад?
– Мешаваду лекин …
– Чӣ лекин?
– Маҳз ҳамин вохўрии тақдирсоз тафтишотро аз исбот намудани шиносойии ҳарду озод мекунад.
– Гумон доред, ки гуфтугўйи телефонӣ кам аст? Охир сабти овозашон ҳаст– ку.
– Ба ҳар ҳол дар якҷоягӣ дастгир кардани онҳо ин танҳо ба манфиати тафтишот аст ва аз он чӣ ки мо ду рўзро бой медиҳем аз вохўрӣ «нафъи» бештаре гирифтан мумкин.
Соиб Сулаймонов фаҳмид, ки муфаттиш дар ақидааш устувор аст, дигар бо ў баҳс накард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё