Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз рўйи ҳисобҳои пешакӣ бо автомашина то хонаи Нигор ҳамагӣ понздаҳ дақиқа роҳ. Панҷ дақиқаи дигар то ба назди автомашина рафтан. Панҷ дақиқа ҳам дертар равад боке нест. Ва ниҳоят ў қарор дод, ки аз Пажўҳишгоҳ соати 10 –
45 дақиқа барояд. Аз ҳама беҳтараш ў бо баҳонае соати 10 – 43 дақиқа ба қабулгоҳ медарояд. Агар Зевархон ўро бинад аз ҳама беҳтар. Дар ҷойи лозимӣ Зевархон аз ду шоҳиди анча мунча беҳтар. Ба ғайри ин қаровули назди даромадгоҳ ҳам ўро мебинад. Ў ҳамеша соатро мепурсид. Дар он сурат мегўяд, ки соати 11 – 15 дақиқа. Ним соат ҳам албатта ба фоидаи ў хоҳад шуд. Агар напурсад боз беҳтар. Дирўз бегоҳӣ як шиша коняки панҷситорадори «Армани» ва як шиша «Кокакола» ҳам гирифта мондагӣ, агар имконият шавад доруро дар ҳамон ҷо ба ҳамин нўшобаи хуштаъм ҳамроҳ мекунад, то Нигор ҳам асрори марги Боқиевро бо худ барад. Албатта, ин беҳтар аз он аст, ки туро ба одамкушӣ айбдор намоянд.
Ў бори дигар доруйи ба қутии «Валидол» гирифтаашро аз назар гузаронид ва боз онро ба ҷайбаш андохт…

– Ҳаминаш намерасид, – аз дил гузаронид Нигор хоҳарашро аз тиреза дида. Ў саросемавор ба тарафи дари даромадгоҳ, давида чун ба маҳкам будани дар боварӣ ҳосил кард, боз қафо гашт. Садои занги дар чандин маротиба садо дод, вале ў ҳатто нияти онро кушодан накард. Дар ин субҳ омадани Хумор барояш як муаммо буд. То вохўрӣ бо Расул ҳамагӣ чил дақиқа вақт монда буд ва ў нахост, ки ба умеди вай шуда аз дидори оне, ки ҳамеша чун соя ҳамроҳаш аст халос шавад…
Ниҳоят ў аз тиреза дид, ки Хумор аз бино баромада ба тарафи истгоҳ рафт. Табъаш каме ҳам бошад кушода шуд, вале мисли оне ки абрҳо дар осмони тобистон бо пайдошавии худ даҳшатеро дар қалби марди деҳқон ҷой мекунад, дилаш яку якбора таҳ кашид. Аз ҳамон тарафе, ки Хумор рафт Сорбони Ҳомид пайдо шуд ва яқин буд, ки ба тарафи хонаи ў меояд…
Дар дигар ҳолат мешуд, албатта, ў парвое надошт, вале дар чунин, лаҳзаҳо….

пешина
аз 408
навбатӣ