Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Сипас, бо навбат рафти кори ҳар аъзои гурўҳро пурсон шуд ва аз чӣ бошад, ки аз Сорбони Ҳомид чизе напурсид…
Баъди чил дақиқа Сорбони Ҳомид ба утоқи кориаш омад ва мошинкаи чопкунии механикиро наздаш гузошта ба чоп кардан пардохт. Ҳарчанд ў чун Таҳмина (котиба) дар корҳои чопӣ усто набуд, вале нахост то субҳ бекор истад. Хайрият, ки дар давоми шаб дигар ҳодисае онҳоро ташвиш надод…
Сари субҳ, ў плани тартиб додашударо барои имзо назди сардор даровард…
То нимаи дуюми рўзи дигар хабарномаҳо бо расми мақтул ба дигар ноҳияҳо фиристода шуданд. Вале ба гумон буд, ки расми мақтулро касе шиносад. Зарба дар ҳақиқат мудҳиш будааст ва қариб рўйи мақтулро шинохтан намешуд. Милиса танҳо ба навиштаҷоти дасти чапи мақтул, ки Юра навишта шуда буд, умед баст метавонист… Дар давоми як шабонарўзи баъди ҳодиса ҳам касе дар бораи гум будани хешу ақрабояш ба милиса муроҷиат накард ва маҳз ҳамин хомўшӣ вазъи бе ин ҳам бади тафтишотро вазнинтар намуд…
Сардори бахши кофтукови ҷиноятӣ майори милиса Сендеров Алексей Владимирович, ки таи солҳои зиёд дар МУР кор карда буд ва ҳамагӣ ду моҳ пештар бинобар вазъи оилавӣ ба Тоҷикистон омада, новобаста ба таҷрибаи калони корӣ то ҳанўз ба хулқу атвори мардуми ин сарзамин ошно набуд ва аз пеш нарафтани корҳои ҷустуҷўӣ худро мазамат мекард.
Алексей Владимирович дар ҳақиқат марди дилсофе буд.
Падараш замоне футболисти командаи «Динамо»–и Москва ва модараш Нина Петровна журналисти радиостансияи «Маяк»
буданд.
Ҳафтае пештар ў бурёкўбон намуд ва Сорбони Ҳомид ҳам ҳамроҳи дигар ҳамкорон ба хонаи ў рафт.
– Модари Алексей Нина Петровна дар ҳақиқат ҷони одам будааст,– гуфт рўзи дигар яке аз кормандоне, ки дар шабнишинӣ иштирок дошт. Маҳз аз рўйи эҳтироми зиёд доштанаш ба ин сарзамин ба Тоҷикистон омад, вагарна дар Москва, дар кўчаи Верхная – Масловка воқеъ дар наздикии стадиони Динамо кулбаи дуҳуҷрагии алоҳида дошт.

пешина
аз 408
навбатӣ