Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Муллоев аз ҷой бархоста ба тарафи дар ҳаракат кард ва дар ин давом Нигор бо як чолокие пиёлаи конякро ба фарш рехта, пиёлаи нўшобаро бо пиёлаи Расул иваз карда гуфт.
– Ана, нўшидам ва пиёлаи нўшобаро ба лаб бурд…
Муллоев дарро кушода дар рў ба рўяш Сорбони Ҳомид ва боз як ҷавони ғайринизомипўши дигарро дида ба қафо баргашт.
Нигор бо як маҳорати хосе нўшобаро нўши ҷон дошт, ки чашми Муллоев ба ў бархўрда ба тарафаш давида пиёларо аз дасташ зада афтонд, вале…
– Ту чӣ кор кардӣ?
– Оби ҷонбахшатро нўшидам, сарам чарх мезанад, – гўён Нигор калавида – калавида болои фарш афтид.
Сорбони Ҳомид чунинашро интизор набуд. Ў давида болои сари Нигор хам шуда хост набзашро санҷад, вале чашмак заданӣ ҷавонзанро дида, дасти ўро сар доду хеста аз гиребони Муллоев гирифта пурсид.
– Чӣ кор кардед?
Муллоев, ки чун барги бед дарақ – дарақ меларзид ва гумон дошт, ки Нигор аллакай ҷон додаст, бо овози нимшунаво гуфт:
– Ман ба ў заҳр додам.
– Ба кадом мақсад?
– Чунки ў маро шантаж мекард.
– Чанд вақт боз.
– Як сол шуд
– Чаро ў шуморо шантаж мекардааст? Барои чӣ?
– Чунки боре маро дар болои ҷинояте дид.
– Чӣ хел ҷиноят.
– Таҷовус ба номус.
– Ба номуси кӣ?
– Ба номуси духтараке, ки шиноси ҳамин кас буд.
– Ҳоло он духтарак дар куҷост?
– Дар он дунё.
– Чӣ хел?
– Ин кас (ў Нигорро бо дасташ нишон дода) гуфтанд, ки он духтарак худкушӣ кардааст.

пешина
аз 408
навбатӣ