Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Барои ҳамин ин касро ҳам аз қафои дугонааш ба он дунё «роҳхат» додед, – бо зарда гуфт Сорбони Ҳомид.
– Ман дигар илоҷ надоштам, чунки нафси ин кас рўз аз рўз бештар гашта иштиҳояш қозгир мешуд.
– Чаро ба милиса муроҷиат накардед?
– Шикоят карданро нағз намебинам.
– Не, инро барои он заҳр додед, ки дар марги Боқиев ўро гунаҳкор созед, чунки қотили Боқиев маҳз шумоед!
– Боқиевро ба гардани ман бор накунед, ҳамин касро имрўз заҳр дода куштам ба хунаш ҷавоб медиҳам.
– Охир маҳз ин касро барои он заҳр дода куштед, ки куштори мудири шўъбаатонро ба гарданаш бор кунед, ҳамин хел не?
Муллоев сар бар зер афканда хомўш буд.
– Гап занед. Чаро хомўшед? Охир ҳодисаи ҳозираро худкушӣ арзёбӣ кардан мумкин аст–ку
– Як гап занам мумкин – мӣ?
– Гап зан мо ба ягон ҷо шитоб надорем.
– Ба худатон танҳо гуфтаниям.
– Гап зан ин кас (ў ба тарафи Алимов ишора карда) додари хурдии ман ва ман ҳам медонам, ки дар чунин ҳолатҳо ҳамроҳи кӣ биёям.
– Аз суд кардани ман ба Шумо чӣ фоида? Беҳтар нест, ки ягон илоҷ намуда маро аз ин варта бароред.
– Аз ин ба мо чӣ суд?
– Агар маро аз ин варта бароред ҳамин «Волга» –ам аз Шумо.
– Рафту фиреб кунед чӣ?
– Чаро фиреб мекардаам?
– Барои ду куштор як «Волга» кам аст.
– Боз ҳазор доллари дигар ҳам медиҳам.
– Ду ҳазор доллари дигар ва ҳисоб кунед, ки ҳама корҳо тахт.
– Майлатон.
– Акнун, ин байни худамон, гўед, ки Боқиевро чӣ хел куштед?

пешина
аз 408
навбатӣ