АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Биёед, ин тарафи масъаларо дигар накобед, ягон илоҷе карда ҳамаашро ба гардани ҳамин кас (ў боз ба тарафи Нигор, ки беҳаракат болаи фарш мехобид ишора кард) бор кунед…
– Хуб, саволи охирин. Ба фикрам ин худораҳматӣ ҳам маъшуқаатон буд.
– Ҳа.
– Пас модоме, ки маъшуқаатонро ба куштан додед, куҷост он кафолате, ки рўзе моро ҳам фиреб накунед?
– Ман ба Шумо забонхат медиҳам.
– Марҳамат, ана, қоғазу қалам гирифта нависед.
Сорбони Ҳомид курсиро тарзе гузошт, ки Муллоев пушт ба тарафи Нигор нишаст.
Сипас милисионер аз папкаи дар дасташ буда, ки дар дохилаш диктофони хурдакаке овози онҳоро сабт мекард, қоғазеро бароварда, назди Муллоев гузошта, ба дасташ қаламро ҳам дода гуфт:
– Марҳамат, нависед!
– Чӣ нависам?
– Нависед, ки Бурҳоноваро барои он заҳр дода куштам, ки марги Боқиевро ба гарданаш бор кунам. Чунки Боқиевро низ худи ман кушта будам ва имзо гузошта таърихи рўзро ҳам монед.
– Ин барои чӣ?
– Ин ҳамчун кафолат барои мо даркор, то ки боз моро фиреб накунед.
– Биёед, беҳтараш нависам, ки ман аз Шумо ҳашт ҳазор доллар қарздорам.
– Инро дар варақи алоҳида менависед.
Муллоев ҳарду забонхатро навишта бо нишон додани санаи рўз ва имзои худаш ба дасти Сорбони Ҳомид дод.
– Акнун ин касро бардошта ба хонаи хобаш дароред!
– Чаро?
– Бигзор милисаҳо омада ба хулосае биёянд, ки ў дар ҳақиқат худкушӣ кардааст.
Муллоев хам шуда хост Нигорро бардорад, вале зан аз гиребонаш дошта ба рўяш торсакии обдоре фароварда гуфт:
– Дасти нопокатро гир номард!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё