Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба ақидаи Мелников мақтул донишҷў будааст ва барои муайян намудани шахсияташ корро аз ҳамин донишкада бояд сар намоям. Вале ҳанўз дохили бино нашуда, хатои худро фаҳмид, чунки бо худ ақаллан расми пас аз марги он модари нокомро надошт…
Ташхисгар– криминалист лейтенанти милиса Наъимов, ки шабона дар азназаргузарони ҷойи ҳодиса иштирок намуда буд, чанд дона расми мақтулро ба дасти капитан дод…
То бегоҳ Абдумаҷидов ду донишгоҳи шаҳрро гашт, вале касе мақтулро нашинохт. Капитан ба идора баргашта, назди сардор даромад, то ўро аз рафти воқеаҳо огоҳ созад.
– Хуб, рафиқ капитан маълумотатон, дипломатон ба кӣ даркор, модоме шумо дар обурўйи милиса нестед?
– Ин хел нагўед, – рафиқ майор.
– Бо гуноҳи худ як ҳодисаи хурдро ин қадар дағдаға кардед.
– Ба маълумоти шумо бояд расонам, ки ташхиси тиббиро ман не, балки муфаттиши прокуратура Шарифӣ таъин кардааст ва Мелников ба саволҳои дар қарори муфаттиш омада, бояд ҷавоб диҳад, чунки дар ин бора мувофиқи қонун огоҳ карда шудааст ва бе ин ҳам ў ҳеҷ гоҳ ба ягон «гуфтушуниди» шумо мегуфтагӣ розӣ нахоҳад шуд.
– Агар дил хоҳад аз чашми кўр ҳам об меравад.
– Ин танҳо ақидаи шахсии шумост, рафиқ майор.
– Чӣ шумо нони милисаро нахўрдаед?
– Ин маънои онро надорад, ки мо барои фоизи кор шуда дидаю дониста кушторро ҳамчун худкушӣ ҳисобида ҷустуҷўйи қотилро қатъ намоем.
– Мақтул фаришта набудагист. Барои як зани сабукпой ин қадар шўру ғавғо чӣ лозим? Хас каму ҷаҳон пок.
– Ҳар кӣ ҳам набошад, инсон будааст ва мо набояд қотилро беҷазо монем.
– Аввал ўро дастгир намо, ҳимоятгар.
– Дастгир мекунем.
– Ба шумо боз як ҳафта вақт медиҳам, аз пайи кор шавед.

пешина
аз 408
навбатӣ