АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

... 4 …
Акбаршоҳ лакоту хаста ба хона баргашт. Наташа, ки дар ошхона ҷунбуҷул дошт ба истиқболи шавҳар баромад. Далер масти хоб буд. Хайрият имшаб барвақттар омадед. Агар мефаҳмидам Далерҷонро хоб намекардам, каме ҳам бошад ҳамроҳаш суҳбат мекардед.
– Чӣ илоҷ кор ҳамин хел, – худро сафед кардани шуд шавҳар.
– Ҳеҷ чиз нагуфтам– ку. Далерҷон дар ҳақиқат дадояшро ёд кардааст. Ҳар замон мепурсад, ки оча дадаҷонам кай меояд.
– Мефаҳмам, – гўён ў вориди хонаи хоби писараш шуда, ба курсие паҳлўи кати писар нишаст. Далер масти хоб буд.
Падар ба нафасгирии мулоими кўдак, ки аз одаму олам бехабар буд, гўш дода, он модари бадбахт ва тифли ба олами ҳастӣ наомадаи ўро пеши назар оварда ба андеша фурў рафт.
Чӣ дунёе яке дар нохуни фарзанд зор… ва дигаре… қотили тифл. Чаро ягон кас дар бораи гум шудани зан ба милиса муроҷиат накард?
– Ҳа, мардак бо писаратон суҳбат доред– чӣ? – гуфтани зан шавҳарро аз банди андешаҳо баровард.
– Не, ҳамин хел паҳлўи Далерҷон нишастаам мебинам, ки мардаки калон шудааст.
– Хезед, хўрок гарм кардам.
– Иштиҳо надорам.
Наташа аз дасти шавҳар гирифта, ўро ба ошхона овард. ..
... 5 …
субҳи содиқ Абдумаҷидов ба милиса омад. Навбатдори шўъба лейтенанти милиса Фозилов ўро дида нимҷиддию нимшўхӣ гуфт:
– Рафиқ капитан чӣ магар янга аз хона пешатон кард?
– Аз куҷо фаҳмидед, – хандида гуфт капитан.
– Бубинед, то ҳанўз охирин ситораҳо дар осмон ҷило доранд…
– Онҳо ҷило кунанду мо хоб равем, намешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё