АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Ҳеҷ аз шўхият намондӣ, лейтенант. Агар паризод ҷустуҷў кунад шумо муҷаррадҳоро меҷўяд, акнун мо мўйсафедон ба кӣ даркорем?
– Гапатон ҷон дорад, вале дар телевизион гуфтанд, ки агар касе маълумоте дошта бошад, шахсан ба Шумо муроҷиат намояд, – гуфт Фозилов ва дари даромадгоҳро кушода он духтаракро ба дохили бино таклиф намуд.
– Ҳамин кас капитани милиса Абдумаҷидов, – баробари вориди бино шудани духтар ваколатдори кофтукови ҷиноятиро муаррифӣ намуд навбатдор.
– Райкина Светлана Андреевна, – худро муаррифӣ намуд духтарак ва илова кард, ки аз рўйи хабари дишабаи телевизион ба ин ҷо омадааст.
Капитани милиса ўро ба кабинет таклиф кард. Ҳарду ба ошёнаи дуюм баромаданд.
– Гўшам ба Шумо, – баробари ба курсӣ нишастан гуфт Акбаршоҳ.
– Дишаб аз телевизион расми дугонаи маро нишон доданд.
– Фамилия ва ному насабаш?
– Ковалёва Ирина Димитревна.
– Ҷойи истиқоматаш?
– Шаҳри Бердичеви Ҷумҳурии Украина.
– Аниқтараш?
– Аслан ў зодаи Тоҷикистон буд ва ҳамагӣ чанд моҳ қабл аҳли оилаашон ба Бердичев кўчид…
– Ҷойи пештараи истиқоматаш?
– Душанбе, кўчаи Фирдавсӣ… Дар ёдам ҳаст, ки боре вақте аз кўча мегузаштем, милисае моро барои қоидаи роҳро вайрон карданамон (чунки мо роҳро аз ҷойи маъншуда гузаштем) сарзаниш намуд. Ирина шухикунон гуфт, ки ин кўчаи бобоям аз куҷояш хоҳам гузаштан мегирам.
– Чӣ хел кўчаи бобоят?– пурсид милисионер.
Ирина ба ў билети комсомолиашро нишон дод. Милисионер фамилияи Иринаро дида бовар кард… Худи ҳамон сол баъди хатми мактаби миёна Ирина ба Институти тиббии шаҳри Харков, ба факултети санитарию– эпидемологӣ дохил шуда, ба Украина рафт ва чун соли дигар вақти таътил ба Душанбе омад, аллакай ба кўча Фирдавсӣ ном гузошта буданд. Ҳарчанд «Шоҳнома» – и безаволи Фирдавсиро меписандид, вале ин номгузорӣ хушаш наомад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё