АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Аз ҳама беҳтараш он буд, ки мо ба мўйсафед бовар мекардем. Агар мо ўро як – ду бори дигар барои санҷишҳои расмию ғайрирасмӣ ҷеғ занем, аз эҳтимол дур нест, ки ақидаи ў дигар нашавад,
– Чаро шумо ҳамеша ҳарду пойро ба як мўза андохта, фикри хешро гузаронидан мехоҳед. Модоме ки ин тавр аст раведу аз рўйи салоҳдиди худ кор кунед ва фаромўш накунед, ки вақт интизор намешавад…
Бегоҳирўзӣ Сорбони Ҳомид бори дигар ба ҷойи ҳодиса омад. Ҳарчанд ў дар либоси ғайринизомӣ буд, вале аксари истиқоматкунандагони бинои нўҳошёна, ки дар берун ба қавле ҳавои тоза мегирифтанд «ана боз ҳамон милисаи дирўза омад»
гўён байни худ ба пичир – пичир даромаданд. Ў ба ҳозирин салом дода, мақсади ташрифи хешро баён кард. Қисме аз мардум мақсади ўро шунида оҳиста ба тарафи хонаҳояшон рафтанд. Рафтори онҳо мақоли халқии «Туро газид маро чӣ сўз» – ро ба ёд меовард. Хайрият аз он мардум ду се нафар он ҷо монданд… Инро дида пиразани қоматхамидае гуфт:
– Хафа нашавед шумо, ҳамин хел замон шудааст. Вақте ки сўхтор рух медиҳад танҳо бутае месўзад, ки оташ гирифтааст ва дигарон гумон мекунанд, ки аз хатар эминанд фориғ аз он, ки оташи аланга гирифта ба онҳо ҳам мерасад.
– Ҳақ ба ҷониби Шумост, модарҷон. Маҳз аз ҳамин бепарвои мо майдони даву този олами ҷиноӣ васеъ мешавад.
Охир наход дар рўзи рўшан ягон нафар ба ин бино ворид шудани марди бегонаро надида бошад.
– Дирўз ман дар хона набудам, ба хонаи духтарам рафта будам ва чун сари субҳ ба хона омадам аз ҳодисаи рухдода дарак ёфтам, – гуфт пиразан. – Дар ошёнаи нўҳум зиндагӣ дорам, чанд вақт лифт кор намекард ва ман ҳам ба поён омада наметавонистам. Хайрият як ҳафта пеш лифтро ба кор дароварданд ва ман гоҳ – гоҳ ба поён меомадагӣ шудам. Дирўз ҳангоме, ки домодам аз поён сигнал доду ман аз хона мебаромадам, нохост чашмам ба дари хонаи ҳамсоя, оне ки дар хориҷа аст бархўрд, ки касе онро пўшид. Рости гап ман аз саросемагӣ ба ин кор аҳамият надодам. Ё шояд ин натиҷаи пирӣ бошад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё