Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Ба фикрам ба Душанбе овардани ҳамон қандҳои лаънатӣ.
Акбаршоҳ ҳис кард, ки қандҳои мегуфтагии Анастасия Петровна қанди оддӣ нестанд ва ин ҷо сиррест, ки то ҳанўз ў намедонад, бинобар ин гуфт:
– Гўшам ба шумо Анастасия Петровна.
– Вақте ки телеграммаи Шуморо гирифтам, рафта ҷомадони Иринаро, ки аслан дар он ҳуҷҷат ва расмҳояшро нигоҳ медошт тагу рў намудам. Фикр кардам, ки дар бораи сафараш шояд ягон чиз навишта монда бошад. Ва медонед чӣ ёфтам?
– Чӣ ёфтед пурсид? – капитан.
Ана, ҳамин коғазпечро, – гўён Анастасия Петровна коғазпечеро назди капитан гузошт.
Абдумаҷидов қоғазпечро кушода қанди сафедеро дида гуфт:
– Ҳеҷ алоқаеро, ки маҳз ҳамин қанд боиси марги Ирина шуда бошад, намебинам.
– Ман ҳам ҳамин хел фикр мекардам, вале…
– Равшантар гап занед.
– Ба вазни қанд аҳамият диҳед.
Акбаршоҳ қандро ба даст гирифта, вазнашро санҷид.
– Дар ҳақиқат нисбати массааш вазнинтар, – гуфт ў.
Қандҳо ду дона буданд ва ман як донаи онро шикастам ва чун чизи дар дохилаш бударо дидам, боз аз нав онро ширеш кардам, – гуфт Королёва ва коғазпечи дуюмро назди капитан гузошт.
Акбаршоҳ қанди дуюмро ба даст гирифта, хело зеҳн монд ва ниҳоят дид, ки қанд ду пора карда шудааст.
– Гўед, ки чист ин ҷо?
Кушода бинед, – гуфт Анастасия Петровна?
Акбаршоҳ гўшаки телефонро бардошта аз навбатдор Фозилов хоҳиш намуд, ки ду шахси холисро ёфта ба наздаш биёрад.
Тахминан панҷ дақиқа пас Фозилов як марду як зани ношиносро ба утоқи кории ў оварда, мунтазири супориши капитан шуд…
– Рафиқон, – ба тарафи он ду шахси навомада муроҷиат карда гуфт Абдумаҷидов, – шумо ба ин ҷо ҳамчун шахси холис барои он даъват шудед, ки дар гирифтани ҳамин ду дона қанд, ки онҳоро ҳамин шахси дар рў ба рўятон нишастагӣ (ў бо дасташ ба тарафи Анастасия Петровна ишора кард) овардааст, шаҳодат диҳед.

пешина
аз 408
навбатӣ