Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Чӣ илоҷ, ба ҳамон будагиаш қаноат намудан лозим.
– Ба шарте хатшинос навиштаҷоти болои расмро кифоя шуморад.
– Тамоми инспекторони ғайриштатӣ ва аппарати ёрирасонро барои дарёфти «қандҳо» сафарбар намоед!
– Хуб шудаст, акнун рухсат диҳед аз пайи кор шавам, – гўён Абдумаҷидов аз ҷой бархост…

... 16 …

– Ана, инаш барои ту, – гуфт Ирина ва як дона қанди охиронеро, ки дар сумкачааш барои соҳибхона монда буд, ба дасти Светлана дод. Света қандро ба даст гирифта гармиеро ҳис кард ва ё дар назараш ҳамин хел намуд.
– Ташаккур Ирина, вале ҳеҷ сирри ин қандро намефаҳмам.
– Аз сабр кардан ғура ҳалво мепазад, – гуфт Королёва, сабр, сабр ва боз ҳам сабр…
– О, магар як дона қанд кирои ин қадар сабр дорад?
– Албатта, охир барои ҳамин қандҳо шуда, ман ҳатто Саидро огоҳ накарда ба ин ҷо омадам.
– Чӣ қандҳоро дар ҳамон ҷо обу лой кардан имконият набуд?
– Ба ин ҷо ман на бо хоҳиши худ, балки бо супориши ў (бо нарангушташ ба тарафи боло ишорат кард) омадам.
– Бо супориши партия гўй?
– Ҳар чӣ дилат хоҳад, ҳамон хел фикр кун.
– Пас ман ҳам бе супориш онро хўрда наметавонам?
– Метавонӣ, охир ин акнун моли худат, вале кўшиш кун, ки боз дар гулўят дарнамонад.
– Эй Худо нигоҳ дорад.
– Лекин як илтимос онро пас аз рафтани ман мехўрӣ.
– Набошад онро ман қабул карда наметавонам.
– Чаро?
– Чунки бе ту, азизам, дар гулўям намегузарад.
– Майлат, ман розӣ агар хоҳӣ онро ба пиёлаи чой андоз ва ё агар онро чун «мўъҷиза» ба ёдгор мондани бошӣ беҳтараш онро шикан.

пешина
аз 408
навбатӣ