АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Майлаш ду зиёфат дар гардани мо, – гуфт муфаттиш ва пурсид, ки оё металҳоро дар шароити ғайрисаноатӣ ба дохили қанд ҷо ба ҷо кардан мумкин аст?
– Ба гумон аст.
– Яъне ки нест?
– Чӣ гўям, металҳо дар дохили қандҳо бо сифати баланд ҷо ба ҷо карда шудаанд ва аз шакли берунии қандҳо касе гумонбар шуда наметавонад, ки дар дохили он чист. Дар шароити кунунӣ ин аз ҳама муҳим аст, чунки акнун дар сарҳади ҳар як ҷумҳурии собиқ СССР хизмати гумрукӣ амал мекунад.
Танҳо технологияи баланди саноатӣ метавонад, риск (тавакал)ро ба дараҷаи минималӣ биёрад.
Жулёв ҷузвгирашро кушода, хулосаи ташхисро ҳамроҳи халтаи қандҳо, ки акнун бо муҳри ташхисгоҳ маҳкам карда шуда буд, ба дасти муфаттиш дод…
Аҳмад Шарифӣ ба хулосаи хаттии ташхис шинос шуда пурсид, ки оё маҳали аниқтари дарёфти металро муайян кардан мумкин аст?
– Афсўс, ки ҳоло илм ба он поя нарасидааст, вале тамоми тиллое, ки дар қаторкуҳҳои Пётри якум ва Дарвоз мавҷуданд аз як шохаанд, аз ин чунин бармеояд, ки навъашон як хел аст.
– Николай Григоревич дар хулоса омадааст, ки бо тилло мутахассис сару кор доштааст, инро чӣ хел фаҳмидан мумкин?
– Ҳар як метал аз рўйи хусусиятҳои химиявиаш дигар минералҳоро ҳам каму беш дорост ва онҳоро танҳо мутахассис ҷудо карда метавонад. Дар ин ҷо бошад шахсе, ки бо тилло сару кор доштааст, аз илми кимиё пурра бохабар аст ва аз эҳтимол дур нест, ки мутахассиси соҳаи геология бошад.
– Ба фикри Шумо як карати чунин тилло чанд пул меистад?
– Албатта, шахсе ки бо чунин кор даст задааст, сияҳкор аст ва онро бо роҳи пинҳонӣ дар бозори сиёҳ обу лой хоҳад кард ва харидор низ барои ба даст овардани чунин тиллои холис сўми бедарди миён ба даст овардаашро медиҳад. Яъне ба ҳар карат тайёр аст чор то панҷ доллар диҳад.
– Гуфтаниед, ки дузд – дуздро дар шаби тор ҳам мешиносад?
– Бале…

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё