Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Гуд– гуди телефон, ки ҳанўз онро ба ҷояш нагузошта буд, ўро ба худ овард. Саид гўшакро ба ҷояш гузошта аз ҷой бархост.
Ў ҳатто чи кор карданашро намедонист. Маълум мешавад, ки то ҳанўз хом будааст. Ҳарчанд Иринаро баробари ҷон, не аз ҷонаш ҳам бештар дўст медошт. Гуфтугўи охиринашро ба ёд овард:
– Медонед чӣ?
– Чӣ?
– Ман даҳрўза ба Санкт Петербург меравам.
– Дарс чӣ мешавад?
– Варақаи корношоямӣ меорам.
– Аз куҷо?
– Аз Бердичев, лекин ба модарам мегўям, ки ҳамроҳи ту ба Душанбе меравам.
– Ҳеҷ туро намефаҳмам?
– Агар хоҳӣ биё ҳамроҳ равем.
– Ба Душанбе.
– Не, ба Санкт Петербург.
– Дар он ҷо ман коре надорам, ба замми ин дарс аст.
– Чӣ зарурияте туро ба он ҷо мебарад?
– Ҳамроҳи Надежда Михайловна меравам.
– Ҳамроҳи ҳамон стюардесса.
– Ҳа, бале.
Ирина медонист, ки дугонааш Николаева ду рўз пеш рухсатии меҳнатӣ гирифта ба Санкт Петербург рафтааст, бинобар ин дурўғ гуфт.
– Ман чӣ кор кунам?
– Илтимос то омадани ман ба модарам занг назан, бигузор гумон кунад, ки мо ба Душанбе рафтем, вагарна маро ҳамроҳи Николаева рафтан намемонад.
– Ана, акнун ёбу гир Ирина, на танҳо ман, балки модаратро ҳамфиреб додӣ…

... 21 …

Воқеаҳои рўзҳои охир ва хусусан хулосаи ташхис оид ба он
ки тиллои дар дохили қандҳо буда аз қаторкўҳҳои Пётри якум ва Дарвоз ба Украина бурда шудааст, иштироки ҳатмии корманди шўъбаи мубориза оид ба ҷиноятҳои иқтисодиро дар рафти минбаъдаи тафтишот тақозо мекард.

пешина
аз 408
навбатӣ