АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Шояд язнамулло телефон кардаасту шумо дар хона набудед?
– Не, ман имрўз ягон ҷо нарафтаам.
Ў боз хоби дишаб дидаашро ба ёд овард, вале дар ин бора ба Гулдаста ягон гап нагуфт. Дар ҳамин вақт аз ошхона бўи ғализе баромаду ў равғанам сўхт гўён гўшакро ба ҷояш монда ба тарафи ошхона давид…
Хоби сари субҳ дидаашро ба ёд оварда дилаш таҳ кашид…
Хоб дид, ки ў ҳамроҳи Давлат таги кўҳи азиме қарор доранд.
Аз куҷое ба болои кўҳ нардбоне монда шудааст. Ҳарчанд Давлат ўро ба тамошои болои кўҳ даъват кард розӣ нашуд, шавҳар пой ба зинаҳои нардбон гузошта боло баромадан гирифт ва гўё он нардбонро охир набуд ва Давлат мебаромаду мебаромад ва ниҳоят ў аз чашми ҳамсар нопадид шуд… Ҳамин вақт аз сўи масҷид, ки аз хонаи онҳо он қадар дур нест, азони бомдодро шунида бедор шуд. Аз бибиаш шунида буд, ки хобҳо ду хеланд. Хобе ки то миёнаи шаб мебинӣ ин хоби шайтонист ва хоби пеш аз субҳ мебинӣ ин хоби раббонист ва маҳз аз ҳамин хоби раббонӣ метарсид…
Аз чӣ бошад, ки номи шавҳарашро намегирифт, ҳамеша дадои Замира (номи духтари калониаш) – ро гирифта муроҷиат мекард. Ҳоло Замира дар синфи шашум мехонад. Инчунин онҳо боз ду писар доранд: Сайёд ва Парвиз, ки яке дар синфи сеюм мехонад ва дигаре шашсола аст. «Худоё, сутуни хонадони моро дар паноҳат нигоҳ дор» – зери лаби илтиҷо мекард Ситора…
Қарибиҳои шом ў ба хона омад. Дар саҳни ҳавлӣ кўдакон ҷасту хез доштанд. Занҳои ҳамсоя чун ҳамешагӣ сари кадом масъалае баҳс доштанд ва баробари ўро дидан борони таънаю маломатро ба сари милиса рехтанд. Бечора мардумро танҳо як дари умед мондааст. Ва акнун буридани дарахтонро ҳам айби милиса медонанд. Ў бо онҳо баҳс накард. Ва фақат гуфт, ки ин масъаларо мебинанд ва ба хона даромад.
Лейтенанти калони милиса солҳои донишҷўйи хешро пеши назар овард, Он солҳоро бо ин солҳо муқоиса карданӣ шуд.
Фарқ аз замин то осмон. Он солҳо мардум дарахтони сояафкан шинонда ҳамеша об медоданд ва нигоҳу бин мекарданд. Ҳоло чӣ?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё