Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Умаров фаҳмид, ки бо далелҳои шайъӣ ба даст афтодааст ва тамоми воқеаҳои рўзҳои охир дар як мижа задан чун лентаи кино аз пеши назараш гузашт…
– Хўш, гўед, ки мо бо кадом ҳаракатамон табъи кормандони милисаро хира намудем?
– Шумо дар куштори шаҳрванд Ковалёва И. Д. гумонбар шудаед.
– Хайрият, ки аз қандҳо хабар надоштаанд, – аз дил гузаронд Умаров, – бинобар ин гуфт:
– Чӣ магар дар Тоҷикистон кушторро кормандони шўъбаҳои мубориза оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ мебинанд.
– Мухтор Вайсович, мақсад ва мароми ҳама бахшҳои милиса як аст ва агар зид набошед, биёед ягон ҷо нишаста суҳбат намоем.
Умаров ҳангоми суҳбати кўтоҳ ҳамаи тарафҳои корро санҷида баромад. Ба боло давидан маъние надорад, вале агар ба берун бароям, имконияте ҳаст, ки аз таъқиб халос шавам…
– Майлаш ман розӣ, ба куҷо равем?
– Агар таклиф кунед ба хонаи Шумо равем.
– Не, модоме ки маро дар куштор гумонбар шудаед, беҳтараш ба милиса меравем.
– Майлаш, ман розӣ, рафтем.
Ҳанўз ду қадам намонда, Мухтор Вайсович ба тарафи дари баромадгоҳ давид. Расулов ҳатто аз қафои ў ҳаракат накард.
Лаҳзае пас Норов ва Маҳмадов аз пеши дари баромадгоҳ ўро дошта, ба бино дароварданд.
– Нағз не, рафиқ Умаров, – гуфт Расулов.
– Ман гуноҳе надорам.
– Агар бегуноҳ бошед, ба гурехтан ҳоҷате нест. Акнун гўед, ки дар дипломататон чист?
– Се– чор килограмм қанд барои ҷиянчаҳо овардаам.
– Тўҳфа чизи хуб аст, биёед акнун ба утоқи кории маъмур дароем.
Дар утоқи кории маъмури меҳмонхона дар ҳузури холисон бо хоҳиши Расулов гумонбаршуда Умаров дипломати худро кушод. Ў дар панҷ халтачаи зебо қандҳоро ба тартиби муайян чида буд.

пешина
аз 408
навбатӣ