Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Аз ин бармеояд, ки вай бо пойи худаш ба қабристон рафтааст. Ҷинояткор ўро думболагир шуда, маҳз ҳамин фурсати қуллайро истифода бурдааст, – ба суханаш хотима гузошт полковник Махсуми Амириён.
Ҳозирон ҳамроҳи сардор аз утоқи корӣ баромаданд.
Амириён ба автомашинаи хизматӣ нишаста, чашмаш ба Абдумаҷидов бархўрд.
– Акбар Ҳакимович, боз нияти ба хона рафтан надорӣ ё мехоҳӣ, ки моро ба келин ҷанг андозӣ? Ку биё шин, худам туро бурда ба дасти келин месупорам.
Ҳарду ба курсии қафо нишастанд. Автомашинаи «Газ – 24» баъди лаҳзае дар торикии шаб аз назари навбатдори шўъба, ки барои гусели сардор баромада буд, пинҳон шуд…
Амириён дар наздикии хонааш фаромада ба ронанда супориш дод, ки капитанро то ҳавлиаш бибарад…
Ў тугмаи зангро зер кард.
– Кист?– пурсид соҳибхона ва чун овози шавҳарашро шунид, дарро кушод.
Хайрият меомадед – ку! О, пештар баҳонаи корро мекардед, имрўз шумо дар рухсатӣ, боз чӣ баҳона мекунед?– пурсид зан.
Ў ба чашмони зан не, балки ба қомати мавзунаш, ки либоси такпўш ўро зеботар карда буд, бо ҳавас нигарист…
– Баҳона ҳамон буд, ки ҳамон, – ниҳоят ба худ омада гуфт мард.
– Гуфтед, ки ҳама корро тахт кардам, билет гирифтам?
– …
– Чӣ, дар ҳамин остона меистед? Пойафзолатонро кашед!– Наташа баробари амр кардан худаш хам шуда, ба кушодани банди туфлиҳои шавҳар пардохт ва чун онҳоро баровард, боз афсарвор фармон дод:
– Пеш дароед!
Акбаршоҳ ба хонаи хоб даромаданӣ шуд, вале зан ўро боздошта, ба тарафи ошхона тоб дод.
– Иштиҳо надорам.
– Якҷоя мехўрем.

пешина
аз 408
навбатӣ