Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

Роҳгузар зуд ба по хеста, гарди либосҳояшро афшонд.
Ронанда ин ҳолро дида, ғазабаш боло гирифт ва хост аз гиребони ў гирифта, ба рўяш торсакии обдоре занад, вале сину соли раҳгузарро дида худдорӣ кард.
– Пеш аз ба роҳ баромадан ба атроф нигаристан лозим, бобо!– дод зад ронанда.
– Маро бубахш, – бо як мулоимӣ гуфт роҳгузар ва хост роҳашро давом диҳад.
– Боз лат нахўрда бошед… Биёед шуморо ба беморхона барам, – нидо кард аз қафои роҳгузар ронанда
– Ташвиш накашед, лат нахўрдаам, – гўён роҳгузар дар байни хонаҳо аз назар ғоиб шуд.
«Хайрият, ҳамааш ба некӣ анҷомиду зери чархи мошин намондам, вагарна боз ҳамроҳи Латифи Мардон якҷоя ба он дунё мерафтем. Не, не… Худо маро дар он дунё ҳам бо Латифи Мардон ва Абдуллои Сафар рў ба рў накунад» роҳравон андешид роҳгузар.
Муддати зиёда аз чил сол аст, ки ин ду ном қалби ўро ба ларза меоранд. Гарчанде, ки зиндагии якеро сенздаҳ сол пеш ва дигарро имрўз анҷом дод, вале то ҳанўз тарсу ваҳм аз вуҷудаш берун нарафтааст…
... 5 …

Посе аз шаб гузашта буд. Дар утоқи кории сардори ШКД– и ноҳияи Гулистон, полковники милиса Махсуми Амириён дар атрофи парвандаи ҷиноии куштори Мардонов Латиф баҳсу мунозира давом дошт.
Гарчанде ки аз содиршавии ҷиноят се шабонарўз гузашта бошад ҳам, вале то ҳол мо ягон гиреҳе барои кушодани он дар даст надорем. Ба ғайр аз ин то ҳол аз Марказ (Москва) хулосаи ташхиси баластикӣ наомадааст. Дар картотекаи худамон бошад, нақши яроқи истифодабурда нест. Маълум мешавад, ки ҷинояткор ё шахси сайёр аст ва ё бо туфангчаи нав вориди ҷумҳурӣ шудааст. Ташвишовараш он аст, ки мо то ҳол мақсади содиршавии ҷиноятро намедонем. Мардонов, ки худ аслан марди деҳотӣ буд, дар қабристони шаҳрӣ, ки аз рўйи тақсимоти минтақавӣ тобеи ноҳияи мост, ягон хешу ақрабояш нахуфтааст.
Пас ба кадом мақсад ба қабристон рафта бошад? Тавре аз протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса бармеояд, ў маҳз дар ҳамон ҷойи афтидагиаш парронда шудааст.

пешина
аз 408
навбатӣ