АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Таъқибгар, ки чунин анҷомидани ҳодисаро интизор набуд, аз гум шудани «сайдаш» дасту по хўрдааст. Ба назараш замин ўро фурў бурдааст. Сайёд бошад аз чунин ранг гирифтани ҳодиса ба гунаҳкор будани сайдаш боварии бештаре ҳосил намуда, ёфтани ўро мақсади ягонаи худ қарор додааст. Чун чашмаш ба сўрохии девори қабристони шаҳрӣ меафтад, ба хулосае меояд, ки сайдаш аз ҳамин ҷо гузашта вориди қабристон шудааст. Дар дохили қабристон нақшаҳо дигар шуданд: Акнун, сайёд нақши сайд ва сайд нақши сайёдро бозидаанд…
– Офарин, рафиқ капитан, мебинам, ки дар фантазия бофтан устухон надоштаед! Чӣ, бо ин роҳ мехоҳед, ки тафтишотро ба гумроҳӣ андозед?– талх карда гуфт Сулаймонӣ.
– Рафиқ Сулаймонӣ, ба фикри Шумо агар ваколатдори кофтукови ҷиноятӣ гумроҳкунандаи тафтишот бошад, пас ман дигар дар ин ҷо коре надорам, – аз ҷой бархоста, бе худоҳофизӣ аз утоқи кории прокурор баромад капитан.
Дар тамоми роҳи байни прокуратура ва идораи милиса, ки қариб ним километр аст, дар гўши Акбаршоҳ фақат ин сухан садо медод: «мехоҳед тафтишотро ба гумроҳӣ андозед…»
Сафарзода ҳам рухсати баромадан пурсид ва чун аз дар берун шуд, гуфт:
– Аблаҳ!
Котиба ҳайрон – ҳайрон аз қафояш нигарист, вале ҳеҷ нафаҳмид, ки муфаттиш ин суханонро ба кӣ гуфт: ба Абдумаҷидов, ки лаҳзае пеш бо қаҳр баромада рафт ва ё ба шеф?..
... 7 …
Мўйсафед дар хараки гўшаи боғ танҳо нишаста буд. Худро хеле коҳиш мекард, ки чаро бо ин роҳ рафт. Чаро!? Чаро!?
Чаро!?
– Аз қалбаш садо омад:
– Ту барои ном не, барои ҷон талош кардӣ. Чӣ қадар мардумро фурўхтӣ, хуни ноҳақ рехтӣ. Командири взводатро ки аз ту чанд сол хурдтар ва дар ҳолати маҷруҳӣ асир афтода буд, фурўхтӣ. Дидӣ, ки бо кадом азобу шиканҷа ба ин ҷаҳон падруд гуфт, вале даҳон накушод, сиреро нагуфт, касеро нафурўхт…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо