АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ҳазорон буданд чун ў… Ту баринҳо ангуштшуморанд…
– Бас, бас, дигар тоқат надорам, ба назарам сад сол ин суханҳоро мешунавам.
– Мешунавию боз бедодгариатро давом медиҳӣ– ку! Чи гуноҳ доштанд Абдуллои Сафар ва Латифи Мардон!?
Мўйсафед гарчанде бо ду даст сарашро дошта меистод, лекин садои қалбаш хомўш намегашт:
– Дар ватани худ бегона ҳастӣ, наметавонӣ ягона фарзандатро бубинӣ, занатро бубинӣ, хешу таборатро хабар бигирӣ, як каф оби зулоли зодгоҳатро нўши ҷон бикунӣ, бо ҳаммиллатонат ба забони ширини модариат сухан бигўйӣ!…
– Ҳаммиллатонам мегўйӣ?
– Бале. Вале ту расман миллат надорӣ. Ному насабатро ҳам дигар кардайӣ. Генрих Смит. Агар ту ба қадри ин миллати тоҷвар мерасидӣ, имрўз чун гург умр ба сар намебурдӣ, Тешаи Санг!
– Оҳ, бас аст, хомўш бош!
– Не, хомўш истода наметавонам. Мисли заҳрпечак ҳастӣ.
Реша надорӣ. Аз ҳисоби дигарон зистан мехоҳӣ, вале то кай?
Роҳи бозгаштро ба асли хеш гум кардӣ. Ҷон ширин аст, аз ин рў барои зинда монданат кўшиш дорӣ, вагарна олами капитал туро чун минотавр* ба комаш фурў хоҳад бурд…
– Наход ту ба ман раҳм накунӣ? Охир ба ҳар роҳе, ки рафтам, баҳри ҳимояи ту рафтам. Ва агар ман ҳам гарданшахӣ мекардам, мисли дигарон дар маҳбасхонаҳо устуҳонҳоям кайҳо пўсида мерафт.
– Магар ин беҳтар набуд?
– Беҳтар буд. Вале чӣ илоҷ, ки дар мактаби ҷосусӣ устодони аҷнабият маро бехабар аз ман хуб тарбия дода будаанд...
... 8 …
…Зимистони соли 1942 ниҳоят қаҳратун омад. Ў бори
аввал дар ҳайати дивизияи 113 армияи 33– ум таҳти фармондеҳи генерал лейтенант М. Г. Ефремов дар маҳалаи Наро–
Фоминск ба ҷанг дохил шуд. Дивизия ба самти Вязма ҳаракат
мекард. Набудани фронти бефосила гувоҳи он буд, ки душман дар ин самт қувваи кофӣ надорад.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо