Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

(Ў Акбаршоҳро, ки ҳамсинну соли писараш Ғаффор буд, писар мегуфт. )– Хайр, тезтар ба идора биё!
Баъди даҳ– дувоздаҳ дақиқа Акбаршоҳ вориди ҳуҷраи муфаттиш шуд. Чун ба курсӣ нишаст, ба тарафи соҳиби утоқ нигариста, гуфт:
– Гўшам ба Шумо, Сабоҳат Абдуллоевна?
Сафарзода чизе нагуфта, хулосаи экспертизаи баластикиро, ки ним соат пеш гирифта буд, ба дасташ дод.
Акбаршоҳ коғазро гирифта чашмони аз гиря варам кардаи мусоҳибашро мушоҳида кард.
– Чӣ воқеа шуд?
– Ҳамааш дар ҳамон ҷо, – ба коғаз ишора кард муфаттиш.
Фазои идораро боз хомўшӣ фаро гирифт. Акбаршоҳ ба мутолиаи ҳуҷҷатҳо банд шуд ва муфаттиш боз ба дарёи фикру андеша ғўтта зад…
Дар яке аз рўзҳои моҳи феврал, дар роҳрави ошёнаи сеюм, дар назди дари қабулгоҳи декани факултети ҳуқуқшиносӣ донишҷўёни курсҳои панҷум барои даромадан ба назди комиссияи тақсимот навбат гирифтанд. Ҳар кас мекўшид, ки зудтар ворид шавад ва барои оянда курсии беҳтареро банд намояд. Қариб ҳама дар он ақида буданд, ки обурў фақат дар мансаб ва курсии ишғолкарда аст, ғайр аз як нафаре, ки дар охири роҳрав аз оламу одам бехабар машғули хондани ашъори Ҳофиз буд…
– Сабоҳат, ки ба шарофати дадаҷонаш курсиеро дар худи прокуратура банд кардааст, бин чӣ хел беташвиш аст, – луқма партофт касе…
Навбат ба охир расид, на ҳамаи донишҷўён аз тақсимот розӣ буданд. Рўйрост ҳам нагўянд, байни худ ғур– ғур мекарданд, ки ҳақиқат нест, чунки ҳама “тағодорон” ба додситонӣ афтиданд.
– Сафарзода, Шумо нияти кор кардан надоред?– аз дар баромада гуфт котиба.
Чун ў вориди утоқи кории роҳбари факултет шуд, декан ўро ба “харидорон”– аъзоёни комиссияи тақсимот, ки аз вазорату идораҳои маъмурӣ омада буданд, муаррифӣ кард.
Азбаски декан номи ўро ҳамчун гирандаи стипендияи ленинӣ дар рўйхат ҷой карда буд, “харидоронаш” зиёд шуданд.

пешина
аз 408
навбатӣ