АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Духтарам, ҷойи Шумо дар прокуратура, – гуфт марди тоссаре, ки аз Прокуратураи ҷумҳурӣ омада буд…
– Дар Комитети бехатарӣ манфиати бештаре меоред, – гуфт марди лоғарандоме…
– Ба Шумо, хоҳари азиз, либоси милисагӣ зебанда аст, беҳтараш ба ВКД биёед…
– Ташаккури беҳад ба ҳамаатон, вале ман ҳимоятгар шуданиам!
Ин суханро шунида, ҳама ҳайрон ба як дигар нигаристанд.
Ҳатто декан ҳам интизор набуд, ки Сабоҳат чунин мегўяд…
Падар аз интихоби касби духтараш норозигӣ накард, баръакс хурсанд шуд. Акнун дар як хонадон ду ҳуқуқшинос, ки вазифаҳояшон мухолифи якдигар буданд, зиндагӣ мекарданд.
Баҳсу мунозира дар байни падару духтар то дергоҳ давом мекард… Падар аз он шод буд, ки ҷигарбандаш нисбат ба касб меҳри беандоза дорад. Дар мурофиаҳои судӣ борҳо норасоиҳоро дар парвандаҳои ҷиноятӣ бо факту далелҳои раднашаванда ошкор сохт ва суд маҷбур шуд, ки онҳоро барои тафтиши иловагӣ баргардонад. Кам набуд ҳолате, ки кор ба манфиати шахси дар зери ҳимояи ў буда ҳал гардад.
– Ҳеҷ гумон надоштам, ки Шумо ҳам…
– Ҳа, писарам, “зоғи бе доғ” нест.
– Шумо дар кадом ақидаед?
– Ақидаи Шуморо, ки аз тарафи прокурор пазируфта нашуд, дастгирӣ мекунам, аҷаб нест, ки Мардонов ва ҷинояткор бо қиблагоҳи ман боре дар пайроҳае вохўрда бошанд.
– Агар Шуморо дуруст фаҳмида бошам, гуфтаниед, ки корро аз омўзиши тарҷумаи ҳоли Сафаров ва Мардонов сар кунем ва агар зиндагӣ боре онҳоро дар як пайроҳа рў ба рў оварда бошад, пас ҷинояткорро низ бояд аз ҳамон пайроҳа ҷўем?
– Бале, Акбаршоҳ, шуморо маҳз барои ҳамин ҷеғ задам…
... 10 …
Аз рўзҳои аввали дар асирӣ будан, Тешаи Санг роҳи
минбаъдаи ҳаёти худро интихоб кард. Дар яке аз рўзҳои моҳи
май немисҳо асирони дар ҷангҳои рўзҳои охир ба асорат афтодаро қатор намуданд ва амр карданд, ки коммунистон ва афсарон ду қадам пеш бароянд.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо