АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Шумо мефаҳмидед беҳтар буд, онҳо бошанд инро мефаҳмиданд, – гуфт шавҳар ва аз сари дастурхон хеста ба хонаи хоб гузашт…
Субҳи рўзи сешанбе болои шаҳрро абрҳои тира пўшонида буд. Гумон мерафт, ки борон меборад. Аммо борон наборид ва субҳи рузи дигар рўйи осмонро чангу ғубор гирифт. Ин хокбориш буд ва ба қавли марди деҳқон онро ба ҷуз офат дигар чизе номидан мумкин набуд. Ҳавои бе ин ҳам гарми моҳи июл боз ғализтар гашта таъби ҳамаро хира карда буд. Дар автобуси шаҳрӣ Сорбони Ҳомид шоҳиди гуфтугўи ду мўйсафед гашт:
– Офаридгор мо бандагонашро нишон медиҳад, ки бубинед ба чӣ қодирам. Охир дар ҳама ҷо ҷангу ҷидол, террор, одамкушӣ ва ҳамаи ин ғазаби Худои таолоро овардааст.
– Рост мегўи Абдуқодир, охир бубин, ки солҳо боз ҷанг аз шарқи наздик канда нест. Гирем ҳамин Фаластину Исроилро ҳеҷ ором нашуданд, кӣ нашуданд.
– Ин сиклон аст эътироз кард ҷавоне.
– Сиклон – пиклонатро намедонам, вале ба кори Оллоҳ тоалло шак набиёр, бачам, – гуфт мўйсафеди аввала ва ҷавон хомўш шуд…
– Агар аз қафои ин чангу ғубор ягон борон нашавад ҳама сўхта мераванд, нафасгирӣ ҳам душвор шудааст, – гуфт мўйсафеди Абдуқодир.
Сорбони Ҳомид сари роҳ аз автобус фаромада ба хонаи пиразан рафт ва суҳбати дирўзаашро ба расмият даровард.
Чун ба идора омад, сардори бахш хабар дод, ки ҳардуро Исломов ба наздаш даъват намудааст.
– Кай меравем?
– Ҳозир.
Ҳарду вориди қабулгоҳ шуданд, вале котиба онҳоро нигоҳ дошта гуфт ки сардор банд.
– Набошад гашта равем?
– Чаро мерафтед, интизор шавед, – гуфт котиба.
– Ҳамин хел беҳуда шиштан гирем.
– Агар хоҳед қаҳва дорам.
–Чаро не, ҳар чӣ Сабоҷон пешниҳод кунад мо розӣ, – гуфт Сендеров.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё