АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Не, бигузор КБД ҳангоми додугирифти алоқа ўро дастгир намояд. Алоқачӣ бояд худро зинда ба даст надиҳад. Танҳо пас аз ин КБД боварӣ ҳосил мекунад, ки алоқачӣ танҳо будааст ва дигар назорат намекунад.
Онҳо то дергоҳ нақшаи амалиёти имшабаро кашиданд ва матни пешниҳодкардаи Уқобро Роҳсоз аз рўйӣ алфавити худ тартиб дода, субҳ алоқачиро аз телефон – автомат ба вохўрӣ даъват кард ва матни тайёри радиоалоқаро ба дасташ дод.
Алоқачӣ аломатҳои матнро шумурда, хоҳиш кард, ки илоҷе карда, панҷ дақиқаи матнро кўтоҳтар намоянд. Вале мўйсафед ўро бовар кунонид, ки имконияти кўтоҳ кардани матн нест ва ба ў суроғаи бинои ҷойи радиоалоқаро супурд.
– Агар КБД назорат кунад, ҳам минтақаи пештараро назорат мекунад.
Ва ниҳоят алоқачӣ ба суханони мўйсафед бовар кард.
Бовар карду…
Мўйсафед ҳамоно болои кат ба пушт дароз кашида, чашм аз шифти хона намеканд. «Албатта марги Анвар ҳам он қадар талафоти калоне нест, – ниҳоят ба хулоса омад ў. – Аз ҳама хавфнокаш он буд, ки Анвар ҳамеша менўшид ва аҷаб набуд, ки дар ҳолати мастӣ аз кору бораш дар ягон ҷо лақида намонад. Сагро марги сагона», – гуфт дар дил мўйсафед ва аз ҷояш хест…
... 17 …
Субҳи 1– сентябр фаро расид. Радиои деворӣ пас аз навохтани Гимн хабар дод, ки имрўз рўзи ба мактаб фаро гирифтани хонандагон, рўзи аввали таҳсил ва Дониш аст. Дар ин бора ровӣ аз абёти классикон ва шоирони муосир порчаҳо қироат кард. Наташа аз ҷой хеста, овози радиоро баландтар кард ва барои тайёр кардани субҳона ба ошхона гузашт.
Гарчанде ки ў то ҳанўз бо забони тоҷикӣ шикаста гап мезад, вале аз кўшишҳояш маълум буд, ки омўхтани ин забон мақсади ягонаи ўст. Диктор ҳамоно шеър қироат мекард ва аз овози буррову ширадори ў Акбаршоҳ ҳам бедор шуд.
– Ҳой, азизам, овози радиоро каме пасттар кунед, – хоҳиш кард ў
– Шунидани шеър бо овози баланд, чӣ хел гуворост.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо