АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

ҳамдигар дур шуданд. Аввал осорхонаро резидент тарк кард.
Пас аз панҷ дақиқа Тешаи Санг ҳам думболаи вай берун баромад.
Шоми дирўз дар яке аз хонаҳои конспиративӣ, ки барои вохўрӣ Тешаи Санг тайёр карда буд, вохўрии ў бо резидент баргузор гардид. Резидент ҳисоботи мўйсафедро шунида, фаҳмид, ки вазъият на ба он дараҷаест, ки ў мехоҳад. Албатта, Тешаи Санг дар бораи «вохўрӣ» бо ҳамяроқаш Латифи Мардон даҳон накушод. Ў нағз мефаҳмид, ки чунин амалиётҳои худсаронаро дар боло намеписанданд, бино бар ин хомўширо авлотар донист, вале дар бораи чӣ тавр аз тарафи кормандони КБД қариб ошкор шудани ҷойи радиоалоқаро бекаму кост изҳор кард.
Тахаллуси кории шумо Роҳсоз ва аз ман бошад Уқоб, – гуфт резидент. Резидент, ки марди 45– 50– солаи қоматбаланде буда, бинии борик ва чашмони мешиаш уқобӣ ба ҳуҷум таёридидаеро мемонд.
Аз лаҳзаҳои аввали вохўрӣ Уқоб ба Роҳсоз маъқул нашуд, вале чӣ илоҷ, замин сахту осмон баланд, ба замми ин ў акнун ба ихтиёри резидент гузашта буд…
– Мо ба ин ҷо якрўзаю дурўза не, балки ба мўуҳлати зиёде омадаем ва супориши ба зимма гузоштаамон низ вақту соати муайянеро металабад. Аз беэҳтиётии шумо КБД квадрати ҷойи радиоалоқаро қариб буд, ки ошкор созад, вале бо амри тасодуф ин кор муяссарашон нашуд. Бинобар ин онҳо то вақте ки дастгоҳ ва алоқачиро дастгир накунанд, ором намешаванд.
Бинобар ин ба мо лозим меояд, ки изи пештараи худро аз байн бардорем.
– Яъне чӣ хел? – пурсид Роҳсоз.
– Алоқачиро қурбон кардан лозим меояд.
– Охир …– ў гапи Уқобро буриданӣ шуд.
– Медонам, вале дигар илоҷро намебинам. Агар мо ўро қурбон накунем, худамон қурбон мешавем. Ба зами ин алфавити шумо дигар лозим нест. Бигузор бори охирин алоқачӣ онро истифода барад. Табаддулоти бузург қурбониҳои бузургро металабад... Вагарна мо як умр аз дунболагирӣ халос намешавем.
– Чӣ, мо бояд худамон ўро аз байн бибарем?

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо