АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ту, лаънатӣ, гумон мекунӣ, ки агар ман бе яроқ мебудам, имшаб ҳамроҳат суҳбат мекардам? Латифи Мардон ҳамон замон манро ба КБД месупорид. Ана, баъд хок ба сари Ставкаат мерехт…»– бо ғазаб ғурунгид мўйсафед ва қадамониашро тезтар кард…
... 20 …
– Шахсияти мақтулро муайян кардед?– пурсид генерал баробари ба утоқи корӣ даромадани сардори контрразведка.
– То ҳанўз не, рафиқ генерал, вале дар ин бора ба Марказ ва ҳамаи ҷумҳуриҳо бо имзои Шумо мактуб тайёр намудем, – гўён ў қоғазҳои дар дасташ бударо барои имзокунӣ болои мизи генерал гузошт.
Генерал Ҷобиров матнро аз назар гузаронида, ба нусхаи аслии он имзо намуд ва илова кард, ки як донагӣ расми мақтулро низ фиристанд.
– Аз сабаби марги алоқачӣ, албатта, ба делои ҷустуҷўӣ нуқта гузоштаниед, – гуфт генерал ва дар ин бора фикри сардори контрразведкаро донистан хост.
– Ҳаргиз не, баръакс ҷустуҷўйро пурзўр карданием.
– Чаро?
– Ба фикрам алоқачӣ як винти* хурде дар ин механизми бузург аст ва маҳз барои пойдор мондани ҳамин механизм ин винтчаро қурбон кардаанд.
– Асос?
– Ҳангоми гўш кардани сабти додугирифти матнҳо қариб, ки дар суръати аломатҳо дигаргуние дида намешавад ва аз ин рў ба хулосае омадан мумкин аст, ки ҳарду матнро як шахс додааст. Ҳангоми муқоисаи матнҳо дар охири матни дуюм дар ҷойи имзо аломатҳо дигаргунанд ва то ҳанўз рамзнависҳо мазмуни матнро накушодаанд, вале фаҳмидани дигаргунӣ дар охири матн душвор нест. Ба фикри ман, ҳамин шахсе, ки дар охири матн имзо гузоштааст, барои аз байн бурдани изҳояш ба қатли алоқачӣ рухсат додааст…
Генерал аз фикррониҳои полковник Сиддиқӣ беҳад шод шуд, чунки хабари аз бойгонии КБД гирифтааш дар бораи *Винт – мехи печдор.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо