Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

собиқ аскари қаторӣ Сангов Теша, ки ҳанўз сардори контрразведка аз он хабар надошт, ўро низ маҳз ба чунин андешаҳо водор карда буд…
Дар ШКД ноҳияи Гулистон капитан Абдумаҷидов ҳангоми ҷустуҷўи як парвандаи ҷиноятӣ шахсеро гумонбар шудааст, ки аз рўйи ҳуҷҷатҳои солҳои 1942 то 1944 ҳамчун хойин ба фашистон хизмат карда, аз охирҳои соли 1944 беному нишон гум шудааст. Маҳз капитан Абдумаҷидов кушояндаи гиреҳи ин муаммои сарбаста аст, – суханашро давом дод Сиддиқӣ.
Ҷобиров гўшаки телефонро бардошта, супориш дод, ки ўро бо сардори ШКД– и ноҳияи Гулистон пайваст кунанд…
– Полковник Амириён гўш мекунад, – баъди лаҳзае овоз омад дар гўшак ва Сиддиқӣ ҳам ин овозро бараъло шунид.
– Дар ин ҷо ҳамроҳи полковник Сиддиқӣ дар бораи ақидаи капитан Абдумаҷидов гуфтугў дорем. Ба фикрам, шахсе, ки шумо ҷустуҷўяш доред, ҳавои идораи моро низ вайрон кардааст. Бинобар ин ҳоло ба наздат полковник Сиддиқиро мефиристам. Ҳарду маслиҳат карда, нақшаи чорабиниҳои ҷустуҷўии якҷояро тартиб диҳед. Шахсан аз номи ман ба капитан Абдумаҷидов салом расонед. Рафиқ генерал, ҳамроҳи капитан Абдумаҷидов ҳамон масъаларо муҳокима карда истодаем.
– Гўшакро ба капитан диҳед.
Амириён гўшакро ба Акбаршоҳ дода, оҳиста пичирос зад:
– генерал Ҷобиров…
– Салом рафиқ генерал!
– Салом рафиқ капитан! – Ба полковник Амириён гуфтам:
шахсе, ки дар куштор шумо гумонбараш ҳастед, фазои идораи моро низ вайрон кардаааст. Мефаҳмед, ки ин чи гуна вайронкорист?
– Мефаҳмам, рафиқ генерал!
– Пас дар амалётҳои минбаъда эҳтиёткор бошед.
Ба кабинет лаҳзае пас марди 40– 45– солаи баландқомате ворид шуд ва пас аз салом додан худро муаррифӣ кард.
Сардори шўъба, ки ба ҳурмати меҳмон аз ҷой хеста буд, даст дода, ному насабашро гуфт ва ҳамзамон шахси дигареро, ки мисли худи полковник Сиддиқӣ дар либоси ғайри низомӣ буд ва ў ҳам ба ҳурмати меҳмон аз ҷой хеста рост меистод, шинос кард.

пешина
аз 408
навбатӣ