АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

муҳофизат намояд. Шахсе, ки мову шумо ҷустуҷўяш дорем, аз эҳтимол дур нест, ки яроқро бо роҳи пинҳонӣ, бар хилофи дастурамали идорааш ба даст наоварда бошад, – ин як. – Дуюм, ба фикри ман, аз ҳолати бори якум ҷиноят содир кардан, яъне сенздаҳ сол пеш то имрўз ҳамин шахсе, ки мову шумо ҷустуҷўяш дорем, ба хориҷа нарафтааст, чунки бо худ бурдани як тапонча ва боз гардонда овардани он ғайри имкон аст.
– Сеюм, агар ҷустуҷўшаванда ба хориҷа рафта бошад, пас тапончаро дар дасти ягон шахс, ки ёвари ўст, дар худи ҳамин сарзамин мондааст ва акунун баргашта, амонаташро талаб карда гирифтааст, – гуфт Сиддиқӣ.
– Парвандаи ҷиноятиро доир ба куштори Мардонов Латиф муфаттиши прокуратура машваратчии адлияи дараҷаи сеюм Сабоҳат Абдуллоевна Сафарзода пеш бурда истодааст ва ҳамаи маълумотҳое, ки то имрўз мо ба даст овардаем, маҳсули кори якҷояи ў ва капитан Абдумаҷидов мебошанд. Муфаттиш духтари ҳамон Сафарове мебошад, ки аз дасти қотил дар Рига кушта шуда буд ва боз…
– Боз чи? – пурсид Сиддиқӣ.
– Келини Сафарзода набераи худи ҳамин Сангов аст, – гуфт Амириён.
Баъди баҳсу мунозираҳои тўлонӣ, ки то ними шаб давом кард, тарафҳо нақшаи якҷояи чорабиниҳои таъҷилии ҷустуҷўйиро таҳия карданд.
– Сафарзодаро бо ин нақша шинос кардан лозим аст?– пурсид Абдумаҷидов.
– Не, рафиқ капитан, ин ҷо гап дар сари ҳамчун ҷосус дастгир кардани Сангов меравад ва чи хеле дар нақша қайд кардем, ҷосусон бояд дар ҷойи ҳодиса бо далелҳои раднашаванда дастгир карда шаванд ва аз ҳисоби милиса дар ин амалиёт танҳо шумо ва полковник Амириён ҳамроҳи мо иштирок мекунед…
Садои занги дарвоза баланд шуд
– Муҳаббатҷон, ҳо Муҳаббатҷон!– нидо кард Маърифатхола ба набераи даҳсолааш, ки дар ҳавлӣ бозӣ мекард, – ку ҷони бибӣ, бин, кист?
Муҳаббат давон ба тарафи дарвоза рафта, онро кушод…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо