Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Биёед, духтарам, биёед! О, шуморо шамоли куҷо парронд?– гўён кампири Маърифат ба истиқболи меҳмон, ки ҳамроҳи Муҳаббат вориди ҳавлӣ шуда буд, аз ҷой бархест ва пас аз салому алейк меҳмонро ба хона даъват кард.
– Камнамо шудед, Сабоҳатҷон, – ҳасрат кард кампири Маърифат. Мақоли халқӣ беҳуда набудааст, ки мегуфтанд:
«қудо шудӣ, ҷудо шудӣ».
– Ҳаргиз ин тавр нест, апаи Маърифат. Ҳамааш аз дасти норасо: саҳар ба кор рафта, бегоҳ лакоту хаста ба хона меоем, – худро сафед карданӣ шуд меҳмон.
– Дигар дар хона ҳама тинҷӣ, Ғаффору Санавбар чӣ ҳол доранд, Тўйчӣ мактабрав шудааст ё не? Ин саҳар Дилорому Муҳаббат ба ҷону ҳолам намонда, қариб мактаб бурданӣ шуданд. Соате пеш Муҳаббат аз мактаб баргашт. Балоча чунон мактабашонро таъриф кард, ки дар дилам ҳаваси мактабравӣ пайдо шуд, – хандида гуфт кампир. – Ба гуфти Муҳаббат имрўз рўзи «Дониш» будааст. Муҳибу келин ҳоло дар кор, ман бошам, дар ин ҳавлии калон танҳо…
– Апа, агар дар вақташ дадои Муҳибро интизор намешудеду шавҳар мекардед, ҳоло дар хона танҳо намемондед, – нимҷиддию нимшўхӣ гуфт меҳмон.
– Ман ҳозир, – гўён кампир аз хона баромад ва саволи меҳмон беҷавоб монд. Лаҳзае пас ў дастархон дар даст вориди меҳмонхона шуд.
– Саволи шумо ҳам дуруст. Вале дар вақташ ақламон нагирифт, акнун ки по ба лаби гўр мондаем, дигар афсўсу надомат фоидае надорад.
Дар сари дастурхон суҳбат гарм шуд ва ниҳоят кампир дарди дилашро кушод.
– Ҳамааш дарди ба хайр, Сабоҳатҷон, вале, ба фикрам, дадои Муҳиб зинда.
– Аз куҷо фаҳмидед?
– Дилам гувоҳӣ медиҳад. Дирўз пагоҳӣ дар ин бора бо Муҳиб ҳам гапзанон кардам, вале ҳеҷ боварам накард.
– Охир мегуфтед, ки хати сиёҳаш омадааст?
– Ҳа, мегуфтам, вале дар асл ин хел набуд. Ман ҳозир, – гўён кампир боз аз хона баромада меҳмонро танҳо гузошт.

пешина
аз 408
навбатӣ