АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Акрамов низ маҳфуз буд. Акрамов ҳеҷ гоҳ наметавонад дар ин бора ба касе даҳон кушояд.
– Дар вохўрии оянда ўро бо дастурамал ва асбобҳои микротехникӣ таъмин кардан шарт аст, – гуфт ў ба мўӣсафед.
– Албатта, шеф, агар корҳо ба ҳамин ранг давом кардан гиранд, мо дар нимароҳ намемонем. Як рўз – ду рўз аз қафояш назорат бурдан даркор
– Бе ин намешавад, вале ўро роҳи бозгашт нест. Охир ў дар ҳуҷҷатҳо навиштааст, ки ихтиёрона бо мо ҳамкорӣ кардан мехоҳад.
– Ба ҳар ҳол, эҳтиёт – ними ҳаёт, шеф.
– Майлаш, ман розӣ, ду рўз ўро ба зери назорат гир, ҳаракатҳо ва дар куҷо бо кӣ вохўрданашро муайян намо…
Пас аз гусели мўйсафед Уқоб китобчаи шеърҳои Гиётеро ба даст гирифта, ба тартиб додани ҳисоботи амалиёт шурўъ кард…
Роҳсоз қарибиҳои субҳ ба наздики хонаи Акрамов омада, ҷоеро барои худ дидбонгоҳ қарор дод ва хонаро ба зери назорат гирифт. Чун рўз шуд ҳама аз пайи кору зиндагӣ шуданд ва нохост Акрамовро дид, ки аз хона баромада ба тарафи истгоҳ рафт. Автобусҳои дохили шаҳрӣ омаданд, вале ў нанишаст ва мўйсафед фаҳмид, ки вай интизори омадани автобуси завод аст. Автобус омад ва Акрамов бепарвоёна вориди он шуд. Мўйсафед аз «камингоҳ» берун шуда, ба таксие нишасту амр кард, ки аз қафои автобус ҳаракат кунад. Автобус вориди завод нашуда дар беруни дарвоза ҳамаро фаровард ва чун Акрамов ҳамроҳи дигарон пиёда ба дохили завод даромад, мўйсафед ба ронандаи таксӣ амр кард, ки ҳаракат кунад.
– Тенҷӣ – ако? – пурсид ронанда.
– Ҳа, тенҷӣ. Дар истгоҳе, ки ба таксии шумо нишастам, шахсеро дида хаёли домодам кардам, ки аз додани алимент ду сол боз саркашӣ карда гурехта гаштааст, гумон кардам, ки ўст бинобар ин аз қафояш омадам ва чун аз автобус ҳама фаромаданд, он шахсро дида боварӣ ҳосил кардам, ки ў набудааст.
Мўйсафед дар истгоҳ фаромад ва ба тарафи муқобили роҳ омада, дар автобуси дигаре нишаста боз то пеши завод омад ва барои худ дидбонгоҳе ёфта, дарвозаи заводро ба зери назорат гирифт...

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо