АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Дар ин бора ба Ҷобиров хабар додан лозим, то дар асоси нақша амалиёти якҷоя гузаронем.
– Не, рафиқ полковник, мо наметавонем ҳаёти писарбачаи шашсоларо ба хатар гузорем. Рафту ба Акрамов ягон ҳодиса сар занад, кӣ ҷавобашро медиҳад? Азбаски Акрамов сармуҳандиси заводи Н. аст, онҳо ба ивази ҷони писарбача ўро ба доми худ кашиданианд, то маълумотҳои заруриро ба даст оранд.
Дуюм, ба Акрамов фаҳмондам, ки ба ҳамаи талаботҳои онҳо розӣ шавад. Сеюм, баъди қабули шартҳои Сангов ва ҳаммаслаконаш аз ў забонхат гирифта, писарбачаро ҷавоб медиҳанд ва мо метавонем ба онҳо минбаъд маълумотҳои бардурўғ диҳем. Дар ин бора Ҷобиров ҳам моро дастгирӣ мекунад, вале имшаб ҳама гуна амалиёти дастгиркуниро бояд мавқуф гузорем.
– Ман розӣ, рафиқ капитан, вале фаромўш накун, ки агар ҳодисае рух диҳад, сари ҳардуи мо ба бод меравад.
– Охир, беҳуда нагуфтаанд: «Таваккал нар бувад, андеша мода»!. .
– Бигузор гуфти шумо шавад, – гўён полковник ба суҳбат хотима гузошт…
То вохўрии Акрамову гурўҳи Сангов боз чилу панҷ дақиқа вақт монда буд. Ў китоберо ба даст гирифта, мунтазири занг задани Акрамов назди телефон нишаст. Ақрабаки соат гўё аз ҳаракат монда, дақиқаҳо чун як рўзи бардавом ба назар мерасиданд. Ҳеҷ гоҳ дар ҳаёт касеро чунин интизорӣ накашида ва ба назараш намуд, ки ў тамоми умр дар интизори шунидани овози Акрамов аст ва ин интизорӣ дарозтар аз қарн шуд.
Ниҳоят соати дуи шаб телефон занг зад. Акрамов хабар дод, ки Фирўзҷонро сиҳату саломат, баъди қабули шарту талаботи онҳо ба хона овардааст…
– Дар ин бора ба касе даҳон накушо! Пагоҳ соати даҳ дар завод вомехўрем, – гўён Акбаршоҳ гўшакро ба ҷояш гузошта, оҳи сабук кашид.
... 26 …
Уқоб аз чунин анҷом ёфтани кор шод буд. Ва барои ин асос ҳам дошт. Охир дар дасти ў на танҳо забонхат, балки ўҳдадории ба зимма гирифтаи сармуҳандиси заводи Н…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо