АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Тоқат кунед, рафиқ полковник! Амалёти бо шарофати Шумо ва капитан Абдумаҷидов нуктаи кулминатсионии худро гирифта истодааст ва мо наметавонем то анҷоми пурраи он касеро дар ин бора огоҳ намоем ва аз Шумо низ бори дигар сабру тоқатро талаб мекунем, – гуфт Ҷобиров.
Венера рухсат пурсиду дар чойник чой ва се пиёла оварда, болои мизи чойнўшӣ гузошту баромада рафт. Амириён аз ҷевоне, ки дар паҳлўйи мизи мазкур буд, се – чор лаъличаҳои гуногунро, ки конфет ва мағзу мавиз доштанд гирифта, болои миз монд ва генералу Сиддиқиро барои чойнўшӣ таклиф кард...
... 28 …
Адҳам Акрамов аз лаҳзаи аввали вохўрӣ дар бораи рафти воқеаҳои дишаба ба Абдумаҷидов қисса кард.
– Намедонам, акнун кор чӣ хел мешавад? Агар тавсияи Шумо намебуд, ҳеҷ гоҳ ба онҳо забонхат намедодам. Охир, ин хиёнати рўйирост бар Ватан аст! Ҳоло ки дер нашудааст, тайёрам ба КБД рафта, ба гуноҳам пурра иқрор шавам ва он ҷазое, ки қонун барои ин хиёнат пешбинӣ кардааст, барои худ раво бинам.
– Якум, шумо гуноҳе содир накардаед. Дуюм, баръакс бо ин ҳаракат ба давлат ёрӣ расонидед.
– Чӣ тавр?
– Забонхат додан ин маънои хиёнатро надорад. Охир, шумо ихтиёран рафта, забонхат надодед – ку?! Барои аз гарав озод кардани фарзанд ба чунин роҳ рафтаед ва агар дар ҳақиқат ба Ватан ёрӣ додан хоҳед, аз ин вақту соати беҳтаре нест.
– Ба ҳамааш розиам, ҳатто агар қурбон кардани ҷони худам лозим бошад, ба хотири пойдории Ватан лаҳзае андеша нахоҳам кард…
– Эҳтимол онҳое, ки Фирўзро дуздидаанд, чанд рўз аз қафоятон назорат баранд, барои ҳамин аз ҳама гуна мулоқотҳои беасос худдорӣ кардан лозим ва шахсе, ки ба шумо, ана ҳамин, – Абдумаҷидов як сесўмаеро гирифта, ба қади дарозиаш ду пора намуд ва як қисмашро ба дасти Акрамов дод, – нимаро ба дасти шумо диҳад, чун ман бовараш намоед…

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо