АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

– Онҳо хайрухўш намуданд.
Абдумаҷидов ба коргоҳ, ки он ҷо ўро интизор буданд дар вақташ омад. Вақте ў вориди кабинети Амириён шуд, чашмаш нахуст ба генерал афтод, ки меҳмони полковник гашта буд.
– Хўш, экскурсия чӣ хел гузашт?– пурсид генерал.
– Нағз, рафиқ генерал.
– Ку диктафонро биёр, то фаҳмем чӣ кас аст он Акрамов, – ба сўйи Абдумаҷидов нигариста гуфт Сиддиқӣ.
– Ман сабти овози ўро нагирифтам, – китф дарҳам кашид капитан.
– Чаро?– боз пурсид Сиддиқӣ. – Охир, мо масъала мондаем, ки сабти овозаш зарур аст.
– Ҳангоме ба завод наздик шудам, ақидаам дигар гашт ва аз баҳри сабти овози Акрамов баромадам.
– Чаро?
– Суҳбати ошкороро меписандам ва имрўз низ бар хилофи ақидаам рафтор карда натавонистам.
– Боке нест, – ба муколамаи Сиддиқиву Абдумаҷидов хотима гузоштани шуд генерал Ҷобиров, – Оё мо метавонем, ки ба Акрамов бовар кунем?
– Ба ў бовар кардан даркор. Охир, вай тайёр аст, ки барои дастгир намудани гурўҳи ҷосусӣ ҷонашро фидо намояд.
– Пас, ўро ба ин ҷо наовардед? – гуфт Сиддиқӣ.
– Ба ин ҷо ё ба КБД даъват кардани Акрамов ғайриимкон аст.
– Чаро?
– Аҷаб нест, ки дар муддати чанд рўз гурўҳи ҷосусӣ ҳар қадами ўро зери назорат нагирад. Бино бар ин аз завод дида барои вохўрӣ ҷойи беҳтаре нест. Илова, назоратчиёни Акрамов то ҳанўз дохили завод нашудаанд.
– Рафиқ полковник! – генерал ба тарафи Амириён нигарист. – Биё ҳамин капитанро ба мо деҳ…
– Капитан мол нест, ки ман ўро иваз кунам. Дуюм, ихтиёри ў дар дасти худаш.

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо