Зеҳн
АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Агенти Зеҳнӣ · 30 октябри 2026 · 408 саҳифа

Адабиёт
Аз аввал хондан

– Дуруст рафиқ генерал, ба замми ин мо плани якҷояи оперативию ҷустуҷўӣ тартиб додаем ва нафаҳмидам чаро рафиқ Абдумаҷидов миссияи милисаро тамомшуда ҳисобид.
– Дигар фанҳоро намедонам, вале ба гумонам капитан Абдумаҷидов таърихро он қадар нағз аз худ накардааст, – боз ба сухан оғоз намуд Ҷобиров ва ҳамон саволи дўстдоштаашро дар бораи яке аз сабабҳои шикастхўрии армияи гитлерӣ ба Акбаршоҳ дод. Абдумаҷидов як чанд сабаби шикастхўрии армияи фашистиро номбар кард, вале генерал ҷавобҳоро напазируфту ҳамон ҷавоби худро такрор кард ва ҳамоно пурсид, ки чӣ хел?
– Ҷавоби нағз, – гуфт капитан ва мехост боз чизе бигўяд, аммо генерал суханашро бурид:
– Ана, дидӣ писарам, мақсади ягонаи ҳамаи мо як аст, ин ҳам бошад, мубориза ба муқобили ҷинояткорӣ ва бехатарии давлат ва агар ҳар яки мо курпаро ба тарафи худ кашидан гирем, пас вой бар ҳоли ин халқу ин давлат. Бино бар ин шумо ҳам то тамомшавии амалёти мазкур ҳуқуқи маънавии аз «бозӣ»
баромаданро надоред. Якҷоя корро сар кардем, якҷоя онро ба анҷом мерасонем. Акунун аз паи кор шавед, рафиқ Сиддиқӣ, дар тамоми рафти амалёт Абдумаҷидов ҷонишини шумо ва дар ҳолати ба ягон ҷо рафтанатон ў сарвари амалёт ҳисобида мешавад. Баробари шумо ба ҳама камбудиҳо ҷавоб хоҳад дод.
Чун Сиддиқӣ ва Абдумаҷидов аз дар берун шуданд Ҷобиров гуфт:
– Абдумаҷидов баринҳо ифтихори милисаанд ва ман ҳайронам, ки чаро шумо рафиқ полковник ўро барои гирифтани рутбаи майор ва вазифаи баландтаре пешниҳод накардаед.
– Ҳар кор вақту соат дорад, вақташ ояд ягон илоҷ мекунем.
– Хизмати ҳар якро қадр кардан даркор, вагарна эътиқодашон аз роҳбар мегардад...
... 29 …

Ҳайати мушовараи додситонии ҷумҳурӣ дар маҷлиси
навбатӣ рафти парвандаҳои ҷиноятӣ доир ба кушторро мавриди муҳокима қарор дод. Аз рўйи масъала ҷонишини аввали прокурори ҷумҳурӣ Аъзам Азизӣ, ки назоратро аз болои тафтишот ба ўҳда дошт баромад карда, кори сустро дар як қатор ноҳияҳо қайд намуд.

пешина
аз 408
навбатӣ