АСАРҲОИ МУНТАХАБ - ҶИЛДИ ДУВВУМ

Ноҳияи Гулистон низ аз танқид дар канор намонд. Ҳарчанд додситони ноҳия Сулаймонӣ барои худсафедкунӣ далелҳо овард, вале натиҷа надод ва оқибат танбеҳ гирифт.
Ў бо димоғи сўхта ба идора омада, муфаттиш Сафарзодаро ба наздаш хонд ва борони маломатро ба сараш рехт.
– Агар аз ўҳдаи кор мебаромада бошед, кор кунед ва агар набароед, ҳам худ ва ҳам прокуратураро шарманда насозед...
– Аз рузи оғоз намудани парвандаи ҷиноятӣ як моҳ гузашта, тафтишот маҷрои муайяни худро гирифтааст. Ман боварӣ дорам, ки онро дар мўҳлаташ мекушоем, – гуфт муфаттиш худро нигоҳ дошта.
– Чӣ хел мекушоед? Бо ҳамон фантазёр Абдумаҷидов онро кушодан магар мумкин аст? Ў аз кор дида, ба гап усто…
– Иштибоҳ мекунед….
– Агар ҳамроҳи ман кор карданӣ бошед, маро дастгирӣ кунед! Барои сустии кор аз болои Абдумаҷидов ва Амириён ба ВКД пешниҳод менависем. Бигузор фаҳманд, ки прокурор кист!
– Ягон асос надошта бошем, чӣ хел гузориш нависем?
– Майлат, бе ёрии шумо ҳам, ман худам илоҷи корро меёбам! Вале фаромўш накунед, ки обрўйи прокуратураро шумо баринҳо паст мекунанд.
– Гўш кунед, рафиқ Сулаймонӣ! – шўрид Сафарзода, – обрўӣ прокуратураро ман не, балки худатон паст кардаед!
Худатонро ҳокими мутлақи ноҳия ҳисобиданиед, вале ин ба шумо муяссар намешавад. Бо рафиқ Амириён созиш карда натавонед, ин айби мост магар? Шумо набудед, ки дар семоҳаи дуюм сӣ парвандаи милисаро бе асосҳои кофӣ барои санҷиш баргардонидед ва хостед бо ин роҳ ба милиса ва шахсан ба Махсуми Амириён, ки ўро чашми дидан надоред, зарба занед?
Вале медонед, баъд чӣ шуд?
– Чӣ шуд? – аз ҷо бархест додситон.
– Амириён аз Прокуратураи ҷумҳурӣ ва ВКД комиссия талаб карда, дурустии кори хешро собит сохт...
– Хайр шуд, ба шумо ҷавоб, аз пайи коратон шавед, адвокати милисаҳо!

Барномасозӣ
Ахбор
Олами Афсонаҳо